Рухсатпулии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар вилояти Хатлон 100 дарсад пардохт карда шудааст. Дар ин бора сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Изатуллозада Ҳабибулло имрӯз, 26-уми июл, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ афзуд, ки рухсатпулии омӯзгорон дар вилояти Хатлон 219,8 миллиону сомониро ташкил медод. Дар нишаст зикр шуд, ки рухсатпулии омӯзгорон дар вилояти Хатлон то 25-июли соли ҷорӣ 100 дарсад пардохт карда шудааст.
Тибқи иттилои додаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон, ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 47 ҳазору 202 омӯзгор фаъолият доранд.
Блоки рекламавӣ