Дастаи мунтахаби олимпии Ҷумҳурии Халқӣии Демократии Куриё (U-23) аз ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гуруҳи «I», ки аз 6 то 12-уми сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, даст кашид.
Дар робита ба ширкат накардани мунтахаби олимпии Куриёи Шимолӣ дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 Конфедератсияи футболи Осиё ҷадвали бозиҳоро дар гуруҳи «I», ки дар он се даста – Австролиё, Тоҷикистон ва Лаос бозӣ мекунанд, тағйир дод. Бозиҳои интихобӣ аз 6 то 12-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Марҳилаи интихобӣ дар Душанбе 6-уми сентябр бо бозии дастаҳои олимпии Лаос ва Австролиё оғоз мегардад. Дар даври дуюм 9-уми сентябр тими олимпии Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Лаос бозӣ мекунад. Дар даври ниҳоӣ 12-уми сентябр тимҳои Тоҷикистон ва Австролиё бо ҳам вомехӯранд.
Бар асоси натоиҷи даври интихобӣ ғолибони 11 гуруҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба қисми финалии Ҷоми Осиё-2024 (U-23), ки аз 15-уми апрел то 3-юми майи соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳ меёбанд.