Дар мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё миёни ҷавонони то 23-сола дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U23), имрӯз, 3-юми июн, бо ҳамтоёни хеш аз Арабистони Саудӣ дар Тошканд рақобат мекунад.

Тавре Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад, дар ин мусобиқа 16 кишвари қора ширкат меварзанд, ки дастаҳо ба 4 гурӯҳи чордастаӣ ҷудо шудаанд.

Аз ҳар як гурӯҳ ду дастаӣ (дар маҷмӯъ 8 даста) ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд

Ҳамзамон, имрӯз дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Кореяи Ҷанубӣ бо Малайзия ва Тайланд  бо  Ветнам  вориди майдони рақобат мешаванд.

Бояд гуфт, мусобиқаи мазкур аз 1-уми июн шурӯъ шуда, то 19-уми июн дар Тошканди Узбекистон давом хоҳад кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь