Имрӯз дар варзишгоҳи «20-солагии истиқлоли Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бозии финалии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 миёни дастаҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Суғдиён» (Ӯзбекистон) баргузор шуд.

Ҳанӯз дар қисми якуми бозӣ дастаи меҳмонҳо бо задани се гол ба дарвозаи «Хуҷанд» бартарии худро таъмин карданд. Ҳисобро дар дақиқаи 13-ум Ҷасур Ҳасанов кушод. Сипас, дар дақиқаи 21-ум боз ҳам Ҷасур Ҳасанов ба дарвозаи Шоҳрух Қирғизбоев гол зад. Дар дақиқаи 30-юм Шоҳрӯз Норхонов голи сеюми дастаашро ба ҳадаф расонд.

Ҷавоҳир Қаҳрамонов дар қисми дуюм, дар дақиқаи 79-ум, голи чоруми дастаи «Суғдиён»-ро зад.

Ҳамин тавр «Хуҷанд» ширкати худро дар Ҷоми КФО-2022 ба охир расонд, «Суғдиён» ширкати худро идома медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here