Дирӯз, 20-уми январ, дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе доир шуд. Нӯҳ даста аз минтақаи Душанбе дар марҳилаи интихобии мусобиқот ширкат меварзанд.
Дастаҳо аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ ба ду гурӯҳ – “А” ва “В” ҷудо шуда, барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоӣ байни ҳам мубориза мебаранд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои “Истиқлол”, КМВА, “Куктош”, “Ваҳдат” ва “Шоҳмансур” шомиланд. Гурӯҳи “В” аз дастаҳои «Душанбе», «Регар-ТадАЗ», «Файзканд» ва дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) таркиб ёфтааст.
Мувофиқи анъана, Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ду марҳила – марҳилаи интихобӣ ва ниҳоӣ баргузор мешавад. Марҳилаи интихобии мусобиқа дар се минтақа – Душанбе, Хатлон ва Суғд доир мешавад. Бозиҳои даври аввал дар минтақаи Душанбе 29-уми январ оғоз мешаванд.
Хотиррасон мешавем, ки қаҳрамони феълии Ҷоми ФФТ дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе мебошад. Истиқлолиҳо соли гузашта дар марҳилаи финалӣ тими “Хатлон”-и шаҳри Бохтарро бо натиҷаи як бар ҳеҷ шикаст дода, маротибаи шашум Ҷомро болои сар бардоштанд.
Ҳамакнун имсол аз рӯйи ҳисоб 11-умин мусобиқаи Ҷоми ФФТ баргузор мегардад.
Муҳаммадназар Наҷмиддинов