Даври ниҳоии аксияи «Пардохти бурднок» аз “Бонки Эсхата” ба охир расид ва соҳибони 9 ҷоиза муайян гардиданд. Дар натиҷа 5 нафар хуштолеъ соҳиби ҷоизаи пулӣ ба маблағи 10 000 сомонӣ ва 4 нафар хуштолеи дигар аз нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар ҳудуди 3000 сомонӣ пардохтҳои ғайри нақдӣ анҷом додаанд.

Ба таваҷҷӯҳи шумо ID – рақамҳои ғолибонро пешкаш мекунем:

1019315 пардохт дар супермаркети «Пайкар», ш.Душанбе;

2021170 пардохт дар нуқтаи фурӯши сузишвории “Газойл” ш.Хучанд;

3004547 пардохт дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Хоҷӣ Ҳаит», ш.Истаравшан;

4003755 пардохт дар Маркази савдои «Сафина», вилояти Хатлон;

5004506 онлайн – пардохт бо корти Visa.

Хотиррасон менамоем, ки ҳангоми пардохтҳои ғайри нақдӣ дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ тавассути “Эсхата Онлайн”ё ҳама намуд кортҳои БонкиЭсхата, аз ҷумла кортҳои VISA мизоҷон имконияти ба даст овардани мукофотҳои пулиро пайдо намуданд.

Барои ҳар як пардохти 30 сомонӣ ва аз он боло ва накамтар аз 3 доллари ИМА (барои харидҳо дар Интернет), ба мизоҷ ID-рамз пешниҳод гардид, ки он иштирокчии аксия шудани мизоҷро тасдиқ намуда, ID-рақамҳои ӯ дар бурди туҳфаҳои аксия ширкат карданд.

Аксия аз 01.08.21 то 31.10.21 давом кард.

Суратузориш аз маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии аксия дар саҳифаҳои Бонки Эсхата дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад.

Бори дигар ҳамаи ғолибони аксияи “Пардохти бурднок”-ро шодбош намуда, ба ҳамаи иштирокчиён барои фаъолнокӣ арзи сипос баён менамоем.

Аз онҳое, ки бурд накарданд, хоҳиш дорем, ки руҳафтода нашаванд, зеро дар пеш боз бисёр аксияҳои ҷолиб онҳоро интизор аст! https://eskhata.com/tj/about/news/5994/

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь