Дар Тоҷикистон дар шабонарӯзи гузашта 21 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода менависад, ки 8 нафар пас аз муоилиҷа шифо ёфтаанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирии инвирус то 28-уми июн дар Тоҷикистон расман 13460 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудаанд, аз ин шумора то дирӯз 13271 нафар (98,6%) шифо ёфтаанд. Мувфоиқи омори расмӣ бар асари ин вирус 90 нафар фавтидаанд.
Блоки рекламавӣ