Бо далели шубҳаовар будани ташхиси коронавируси футзалбозони Тоҷикистон на ҳамаи онҳо дар бозии дӯстона бо Гурҷистон ширкат карданд. Ин буд, ки даста дар ду бозӣ дустона, ки марҳилаи аввали омодагӣ ба даври интихобии Ҷоми Осиё-2022 ба ҳисоб меравад, шикаст хӯрд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи аввали омодагӣ бо дастаи миллии Гурҷистон ду бозии дӯстона анҷом дод. Гурҷистон низ дар доираи омодагӣ ба Чемпионати футзали Аврупо-2022, ки ҳафтаи оянда оғоз мешавад, ин бозиҳоро баргузор кардааст. Гурҷистон дар Чемпионаи Аврупо дар гурӯҳи D бо дастаҳои Испания, Озарбойҷон ва Босния ва Ҳерсеговин бозӣ мекунад.
Бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Гурҷистон ва Тоҷикистон рӯзҳои 15 ва 16-уми январ дар Тифлис баргузор шуда, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисобҳои 6:2 ва 10:1 анҷом ёфтанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Гурҷистон вохӯрии дӯстонаро бе сармураббӣ Пайрав Воҳидов ва чанд бозингари дигар гузаронид, зеро ташхиси онҳо барои санҷиши коронавирус, ки дар Тифлис гузаронида шуд, натиҷаҳои шубҳаовар додаанд.
Дар даври интихобии Ҷоми Осиё-2022 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар минтақаи омехтаи Марказӣ ва Ҷанубӣ бозӣ мекунад. Ҳарифони дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» дастаҳои Афғонистон (10 апрел), Непал (11 апрел) ва Узбекистон (12 апрел) хоҳанд буд. Ду даста аз гурӯҳ ба финали Ҷоми Осиё-2022 роҳ меёбанд.