Ҳукумати муваққати Толибон доир ба бозгардонидани чархболҳои рабудашуда бо ҷониби Ӯзбекистон ва Тоҷикистон музокираҳоро оғоз кардааст. Ин чархболҳо аллакай вақти ишғоли  Кобул аз тарафи ҷунбиши Толибон ба ҷониби Ӯзбекистон ва Тоҷикистон парвоз карда гузаштаанд.

Дар ин бора ноиби сухангӯи ҳукумати муваққати Толибон Иномулло Самангонӣ ба журналистон маълум кардааст. Ба гуфтаи ӯ халабонҳои афғон  бештар аз 40 чархболи рабудашударо ба самти хоки ҳамсоякишварҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бурда нишондаанд.

Тавре Иномулло Самангонӣ тазаккур додааст, дар ҳамин ҳол толибон бо Тошканд ва Душанбе ҷиҳати бозгардонидани чархболҳои худ музокира мебарад, аммо маълум нест, ки ин чархболҳои рабудашуда ба ақиб кай баргардонида мешаванд.

Сухангӯи вазорати дифои ҳукумати муваққати Толибон Иноятулло Хоразмӣ дар навбати худ иброз доштааст, ки дархости баргардонидани чархболҳо аллакай ба ҳукумаи ин ду  кишвари ҳамсоя ироа шудааст, вале ҳанӯз ҷавоби мусбат дастраси онҳо нашудааст.

Тибқи маълумоти расида ҳукумати қаблии Афғонистон 164 чархбол дар ихтиёр доштааст, ки аксари онро ҷониби ИМА ба мерос монда рафтааст.

Ёдовар мешавем, ки 14 августи соли гузашта бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ дар зудтарин фурсат нерӯҳои ҷунбиши толибон 90 дарсади Афғонистонро таҳти тасарруфи худ дароварданд. 15 август толибон пойтахти ин кишвар-Кобулро ишғол намуданд ва ҳукумати муваққати худро таъсис доданд.

Президенти он Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай пеш аз вуруди толибон ба Кобул тавассути ҳавопаймо ва ҳамли бештар аз 150 миллион доллари нақд ба Аморати Муттаҳидаи Араб фирор намудааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь