Панҷуми май дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи озодии баён дар Душанбе ҷоизаҳои журналистӣ ба рӯзноманигорони арзанда тақдим гардид. Ҷоизаи «Эътимод»-и Шӯрои ВАО имсол ба Далери Имомалӣ, рӯзноманигори мустақил ва блогери маъруф эҳдо шуд. Мавсуф дар байни 35 довталаби ин ҷоиза ва се бахш ғолиб эълон шуд.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҷоизаи «Беҳтарин сухангӯ» ба номи Иқбол Илёсзодаро имсол ба сухангӯёни вазорату кумитаҳои ҷумҳуриявӣ ва сухангуён дар минтақаҳо ҷудо кард. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, ғолиби озмуни “Беҳтарин сухангӯ” миёни вазорат ва кумитаҳои кишвар, Далер Шарипов ғолиби озмуни мазкур миёни сухангуён дар минтақаҳои кишвар эълон шуданд.

Сироҷиддин Шаккурӣ, сухангӯи РВКД Душанбе, барандаи бахши “Эътиқод”, Умеда Юсуфӣ, сухангӯи КҲФ, барандаи бахши “Фаврият”, Мӯҳсинҷон Муҳаммадӣ, ёвари сардори РВКД дар Бадахшон, барандаи бахши “Ҷасорат” шуданд.

Ғолибон бо диплом, мукофоти хотиравӣ ва маблағи пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Хуршед Атовулло, директори МТЖТ, зимни суханронӣ изҳор дошт, ки қисме аз маблағи ҷойиза ба хонаводаи шодравон Иқбол Илёсзода расонида мешавад.

Афшини Муқим зимни гирифтани ҷойиза аз шахсияти Иқбол Илёсзода, сухангӯи номвари шаҳри Исфара, ёд кард ва гуфт, модари шодравон умед дорад, ки мактабе ба номи фарзандаш дар деҳаи Ворух номгузорӣ мешавад.

Ҷоизаи мазкур соли гузашта  баъди даргузашти Иқбол Илёсзода дар синни 51-солагӣ аз ҷониби МТЖТ таъсис дода шудааст. Нахустбарандаи ин ҷоиза сухангӯи Вазорати маориф ва илм Эҳсони Хушбахт буд.

Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” барои беҳтарин гузориши аксӣ ба Аминҷон Раҳматзода, Шералӣ Давлат, Дилшоди Раҳматулло, Умед Набиев, Давлатҷон Абдуллозода, Муҳаммадсолеҳ Хӯҷамирзода ва Талабшо Ҳалимов ҷоизаҳои худро тақдим кард.

Ёдовар мешавем, конфронси байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи озодии баён субҳи дирӯз оғоз шуда, тамоми рӯз идома кард. Рӯзноманигорону коршиносон вазъи кунунии расонаҳоро дар Душанбе баррасӣ ва таҷрибаи худро ба ҳамдигар мубодила карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here