Бостоншиноси маъруфи тоҷик, номзади илмҳои таърих Абдурауф Раззоқов бо ҷоизаи байналмилалии Фарҳангсарои ориёӣ шарафёб гардид.

Абдурауф Раззоқов (маъруф ба Гӯрков)14 июни соли 1957 дар деҳаи Ғаззаи ҷамоати Ворӯи ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, соли 1972 баъд аз хатми мактаби 8-солаи деҳа, ба омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент қабул шуда, соли 1976 онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Баъд аз хатми омӯзишгоҳ ба хизмати аскарӣ рафта, баробари адои хизмат дар соли 1980 ба факултаи таърихи Донишгоҳи далатии Тоҷикистон (Донишгоҳи миллии имрӯза) қабул шуда, соли 1983 ба шӯъбаи ғоибона гузашта, ба пойгоҳи археологии ноҳияи Панҷакент ба сифати лабаранти калон ба кор оғоз мекунад ва соли 1985 корманди илмии пойгоҳи археологии шаҳри Панҷакент таъйин мешавад. Солҳои 1990-1994 ҳамчун аспирант дар Институти таърих ва фарҳанги моддии Академия улуми Русия дар ш. Санкт-Петербург таҳсил карда, баъд аз хатми он дар соли 1994 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Орудия труда и хозяйства древнеземледельческих племен Саразма (по экспериментально-трассологическим данным» ҳимоя кардааст.

Абдурауф Раззоқов аз соли 1997 то моҳи марти соли 2017 директори Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразми Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши АИ ҶТ буд ва дар айни замон ҳамчун ходими калони илмии ҳамин пойгоҳ ба корҳои илмиву тадқиқотӣ машғул аст. Абдурауф Раззоқов дар як қатор симпозиумҳои байналхалқӣ, аз ҷумла, Равенна-Италия-2008, Эран-Хузистан ва Теҳронн – 2005 ва 2007, Тошканд-2010, Сиан-Хитой-2010, Мали-Африка – 2009, Москва – Россия – 2010. Испания – 2016, Тошкент – 2016. Сиан – Хитой -2016, Санкт-Петербург-2016 иштирок ва баромад кардааст. Маҳз бо кӯшишу захматҳои чандинсолаи ӯ ёдгории Саразм соли 2010 ба феҳристи Мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО шомил гардид.

Абдурауф Раззоқов муаллифи чандин китоб ва мақолаҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, хизматхои шоистаи ӯро Хукумати ҶТ бо медали  «Хизмати  шоиста» кадрдонӣ кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here