Рӯзҳои 26 ва 27-уми декабр дар Тоҷикистон ногаҳонӣ номусоид шудани вазъи обу ҳаво пешгӯӣ мешавад. Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки 26-уми декабр дар водиҳо борон ба барф гузашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барфи бошиддат мерезад
Дамои рӯзонаи ҳаво дар ноҳияҳои водиву доманакӯҳӣ то 8-10 дараҷа паст мешавад. 24-27 декабр дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд.
24-25 декабр дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар аст. 26-27 декабр ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал омада, 26 декабр дар баъзе ноҳияҳо барфи бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 дар як сония мевазад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо паст шуда, аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
26-27 декабр дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 26-27 декабр дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-13 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 27-32 дараҷа хунук ва рӯзона 8-13 дараҷа хунук мешавад.