Имрӯз  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Норак ташриф оварда, дар ифтитоҳи чанд иншоот иштирок карданд.

Боздиди Сарвари давлат бо шиносоӣ бо рафти навсозии неругоҳи Норак ва баъди таҷдид ба истифода додани агрегати чорум оғоз ёфт. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои таҷдиду навсозии неругоҳи обии “Норак” соли 2019 оғоз гардида, барои анҷоми корҳо маблағи умумии 35 миллиону 193 ҳазор евро равона карда шуд.

Иқтидори тавлиди гидроагрегати чоруми неругоҳ баъди навсозӣ дар як шабонарӯз ба 8 миллиону 266 ҳазору 519 кВт/соат неруи барқ мерасад.

Агрегати навсозшуда бо пахши тугма аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ба кор дароварда шуда, кори боэътимоди агрегат бо гузоштани танга дар болои он ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь