Шурӯъ аз 24-уми январи соли 2022 сӯҳбат барои довталабони дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия оғоз шуд. Довталабон барои гузаштан аз сӯҳбат ба Донишгоҳи славянӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе ҳозир шуданд.
Барои довталабоне, ки дар доираи квотаи Ҳукумати Федератсияи Русия ба магистратура, ординатура, аспирантура ва бакалавр дар риштаи фарҳанг дохил мешаванд, имтиҳони дохилшавӣ оғоз шуд. Дар ин вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо ҳамагӣ 1100 нафар довталаб аз сартосари Тоҷикисто иштирок мекунанд.
Онҳо дар чор кластер имтиҳон месупоранд: тиббӣ, гуманитарӣ, техникӣ ва фарҳангӣ. Барои гузаронидани имтиҳонот 35 нафар омӯзгор аз 25 донишгоҳи Русия ба Душанбе омадаанд.
Дафтари матбуоти “Россотрудничеста” ба қавли раиси ин намояндагӣ Иван Иванов хабар медиҳад, шумоари бештари довталабон барои таҳсил аз ҳисоби буҷаи Русия кластери тиббиро интихоб кардаанд. Дар ин кластер 28 нафар барои як ҷой рақобат мекунанд. Ба ин ҳама нигоҳ накарда шумораи талабгорон барои хониш тариқи квотаи Русия дар хабарномаи маркази матбуотӣ зиёд гуфта мешавад.
“Боиси хушнудист, ки на танҳо Маскав, инчунин Санкт-Петербург ва дигар шаҳрҳои Руссияро низ ҷавонон барои таҳсил интихоб мекунанд”, – таъкид намудааст Иванов.
Дар чаҳорчубаи маъракаи кунунии квота 6184 номзад сабти ном шудаанд. Аз ин шумора 4556 нафар ба имтиҳони интихобӣ роҳ ёфтанд. Дар маҷмӯъ, барои соли таҳсили 2022/23 ба Тоҷикистон 750 квотаи давлатӣ дар донишгоҳҳои Русия ҷудо шудааст. Соли гузашта ин шумора 630 квотаро ташкил мекард.
Бахтиёр Раҳматуллоев