Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол пеш чунин дастур дода буданд: «Бо мақсади мутобиқсозии иқтисодиёти миллӣ ба тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳбуди вазъи экологии ҷумҳурӣ воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди онҳоро бояд аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод намуд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати тадриҷан фароҳам овардани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави ҷумҳурӣ тадбирҳо андешад».

Ҳадафи асосии иқдоми навбатии филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси шартномаи конссесионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оператори нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи Душанбе – Чаноқ маҳсуб мешавад, саҳмгузорӣ дар татбиқи ин ташаббуси созанда мебошад.

Чанде пеш дар дар воситаҳои ахбори омма ронандагони ин намуди автомобил аз набудани нуқтаҳои нерудиҳии электромобил дар роҳи Душанбе – Чаноқ нигаронӣ карда буданд. Масъулини “IRS”, ки  мунтазам ба дилхоҳ муроҷиат, эрод ва пешниҳоди ба роҳи Душанбе – Чаноқ рабтдошта сари вақт вокуниш мекунанд, ба ин масъала бетафовутӣ зоҳир накарданд.

Бинобар ин,  “IRS” дар масири Душанбе – Чаноқ 7 нуқтаи нерудиҳии электромобилро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад.  Нуқтаҳои мазкур дар километрҳои 11, 15 (ноҳияи Варзоб), 107, 130 (ноҳияи Айнӣ), 284 (ноҳияи Ҷаббор Расулов), 300 (шаҳри Хуҷанд)  ва 322 -юм (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров)   ҷойгир буда, дар онҳо барои неругирии автомобилҳо тамоми шароит фароҳам хоҳад шуд. Қобили зикр аст, ки  нуқтаи нерудиҳии воқеъ дар дар километри 11-уми роҳи мазкур ба фаъолият шуруъ кардааст.

Масоҳати нуқтаҳои нерудиҳии электромобилҳо низ васеъ буда,  барои фаъолияти пурмаҳсул 60 таҷҳизоти нерудиҳӣ бо иқтидори ҳар кадом 180 киловат ворид шудааст. Таҷҳизоти мазкур аз ширкати муътабари Ҷумҳурии Халқии Чин, ки дар истеҳсоли чунин таҷҳизот таҷриба ва маъруфияташ бениҳоят зиёд аст, дастрас шуда, ба стандарти маъмули GB/N  ва стандарти аврупоии CCS2 пурра ҷавобгӯ аст.

Ҷанбаи дигари муҳим он аст, ки дар нуқтаҳои мазкур технологияи пешрафтаи пархохти ҳаққи  истифодаи неруи барқ ва ҳисобкунакҳои электронии низоми CТ – VТ  насбу истифода мешаванд. Фарқияту афзалияти технологияи зикршуда дар он зоҳир мегардад, ки дақиқияти истифодаи  неруи барқ таъмин ва талафоти он пешгирӣ мегардад. Шоистаи зикр аст, ки чунин технология дар кишвар назир надошта, аввалин маротиба аз ҷониби “IRS”  роҳандозӣ хоҳад гашт. Қобили зикр аст, ки иқдоми мазкур интиҳои кор набуда, роҳбарияти “IRS”  тасмим доранд, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳое, ки роҳи Душанбе – Чаноқ аз онҳо мегузарад чунин нуқтаҳоро ба истифодаи сокинон вогузоранд.

Пардохти маблағи нерудиҳии автомобил низ хеле осон ва бо назардошти муқаррароти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ҷорӣ хоҳад гашт. Пардохти маблағи зикршуда  тавассути qr–код аз тариқи spitamenpay (замимаи яке аз бонкҳои пешсафи кишвар)  ва замимабарномаи филиали Ширкат  – Irs UltraEvs имконпазир аст. Ба ғайр аз ин шаҳрвандон метавонанд аз нуқтаи зикршуда кортҳои амалисозии пешпардохтро дастрас намуда, онро мунтазам (дар заминаи пур намудани суратҳисоб) истифода намоянд.

Чунин тарзи кор дар баробари дигар омилҳои мусбат, ҳамчунин, шаффофият ва пешгирии истифодаи ғайримақсадноки пули истифодаи неруи барқро таъмин менамояд. Яъне, пардохти маблағ бидуни дахолати инсонӣ сурат гирифта, бевоситаву фавран ба суратҳисоби ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” интиқол мешавад.

Муҳим он аст, ки фаъолияти нуқтаҳои мавриди назар ба хатҳои интиқоли барқ ва трансформаторҳои  истифодаи умум сарборӣ эҷод намекунанд.  Ба ибораи дигар, барои пешбурди фаъолияти нуқтаҳои зикршуда трасформатор ва хати интиқоли барқи  ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ, Ҷаббор Расулов,  Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд истифода нашуда, аз ҷониби “IRS” хати алоҳидаи интиқоли барқ  кашида, трасформаторҳои замонавии пуриқтидор насб хоҳанд шуд. Табиист, ки ин кор хароҷоти зиёд дорад, вале роҳбарияти “IRS” барои дар сатҳи хубу сифати баланд ва бо риояи талаботи бехатарӣ роҳандозӣ шудани фаъоляти нуқтаҳои нерудиҳӣ чунин тасмим гирифт.

Дар ҳар як  нуқтаи хизматрасонӣ  аз 5 то 10  таҷҳизоти нерудиҳӣ насб мешавад, ки ҳар кадом бо ду хати нерудиҳӣ метавонад дар як вақт то 20 электромобилро бо неруи барқ таъмин намоянд. Қобили зикр аст, ки ин нуқтаҳо хатҳои уфуқӣ, камераҳои мушоҳидавӣ ва бунгоҳи назоратӣ дорад.

Дар маҷмуъ, иқдоми мазкур боз як далели масъулиятшиносии “IRS” буда, шаҳодати он аст, ки роҳи Душанбе – Чаноқ  нигоҳбони ба маънои том боэътимод дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь