Писари Муаммар Қаззофӣ, роҳбари барканоршудаи Либия, Сайфулислом Қаззофӣ аз ширкат дар интихоботи президентии ин кишвар маҳрум карда шуд. Мақомоти додгоҳии Либия аризаи ӯро барои ширкат дар интихобот рад карданд. Дар ин бора Агентии Анадолу хабар медиҳад.

Ба гуфтаи агентӣ, дар ин бора як намояндаи расмии ҳукумати Либия ба шарти ифшо нашудани номаш, гуфтааст.

Ба қавли манбаъ сабаби барканор шудани номзадии Қаззофиро дар пешниҳод накардани санад барои надоштани доғи судӣ мебинанд, ки ин бар хилофи талаботи қонуни интихоботи президентӣ мебошад.

Сайфулислом Қаззофӣ номзадии худро 14-уми ноябр дар дафтари Комиссияи олии интихоботи Либия воқеъ дар шаҳри Себҳа эълон кард.

Гуфта мешавад, ки Қаззофӣ қаблан аз сӯи Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ бо иттиҳоми ҷиноёт алайҳи башарият таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт. Додситонии низомии Либия низ барои боздошти ӯ бо иттиҳоми куштор ва истифодаи зархаридон дастур содир кардааст.

Қаблан агентӣ дар бораи пешниҳоди номзадии 98 нафар ба интихоботи президентии Либия хабар дода буд.

Қабули дархостҳо барои ширкат дар интихоботи президентӣ то 22-уми ноябр идома ёфта дар маҷмӯъ номзадии 98 нафар қабул шуд.

Нахуствазири ҳукумати ваҳдати миллӣ Абдулҳамид Дибейбе, писари раҳбари барканоршуда Муаммар Қаззофӣ, Сайфулислом Қаззофӣ ва раҳбари гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар шарқи кишвар Халифа Ҳафтар низ номзадиашонро пешниҳод кардаанд.

Пештар дар Триполї барои пешбарии номзадии Қаззофї ва Ҳафтар эътирозҳо гузашта буданд.

Дар назар аст, ки интихоботи президентӣ ва порлумонӣ дар Либия 24-уми декабри соли 2021 баргузор мегардад.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь