Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми августи соли 2018 номи “Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” мутаносибан ба “Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” иваз карда шудааст.

 Тибқи ҳамин Фармон минбаъд номи зерсохторҳои Кумита – “Шӯъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ба “Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ба “бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим” иваз карда шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь