Дар чаҳорчӯби рақобатҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми Рушд-202, дар гурӯҳи “А”дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи кишвар бо ҳамсолони худ аз Беларус ба масофи ҳам рафтанд. Набарди дастаҳо тезутунд ҷараён гирифта, бо натиҷаи 3:2 ба нафъи мизбони мусобиқот анҷом ёфт.

Наврасони тоҷик дар ҳоле бозиро бохтанд, ки дар аввали рақобат бо ҳамсолонашон аз Белорус бо натиҷаи 2:1 пешсаф буданд. Бозингарони мо пешсафии худро нигоҳ дошта натавонистанд ва дар ниҳоят бо натиҷаи 2:3 мувоҷеҳи шикаст шуданд.

Ду голи дастаи мунтахаби наврасони кишварро Абубакр Сулаймонов ва Масрур Ғафуров ба нишон расонданд. Шогирдони Зайниддин Раҳимов баъди ду бозӣ бо касби як хол дар зинаи сеюми ҷадвали гурӯҳи худ ҷой гирифтанд. Дастаи мунтахаби наврасони Беларус се бозӣ анҷом дода, дар ҳар се дидор пирӯзӣ ба даст овард ва бо дарёфти 9 имтиёз садрнишини гурӯҳ маҳсуб мешавад.

Шогирдони Зайниддин Раҳимов дар даври навбатӣ, ки имрӯз, 10 феврал, доир мешавад, бо наврасони дастаи «Динамо»-и Минск вомехӯранд. Рақобат соати 17:40 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки 17-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Рушд”,бо ширкати даҳ даста дар шаҳри Мински Белорус то 14-уми феврал идома мекунад. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» якҷо бо тимҳои миллии Беларус (U-16), Қирғизистон (U-16), Молдова (U-16) ва тими «Динамо-Минск» (U-17) қарор дорад. Дар гурӯҳи «В» Беларус (U-17), Узбакистон (U-17), Гурҷистон (U-17), Исроил (U-17) ва дастаи “Минск” (U-17) барои баромадан аз гурӯҳ байни ҳам мубориза мебаранд.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ талош хоҳанд кард. Инчунин, бозиҳои тасаллобахш барои ҷойҳои 5-6, 7-8 ва 9-10 низ доир мегарданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь