23.юми май дар Hotel Serena чорабинии бошукӯҳе баргузор гардид, ки ба оғози фаъолияти расмии ширкати Nokia дар бозори телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи ширкатҳои «Вавилон» бахшида шуда буд.
Дар маҳфил намояндагони воломақом, аз ҷумла раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Исфандиёри Саъдулло, муовини президенти ширкати Nokia ҷаноби Питер Вуковис, роҳбари минтақавии Nokia дар Украина, Осиёи Марказӣ, Каспий Евгений Баличев, роҳбари минтақавии Nokia дар АвруОсиё Александ Шунин, роҳбари Nokia дар Ӯзбекистон Павел Родионов, намояндагони ширкатҳои телекоммуникатсионӣ, сафоратҳо, муассисаҳои молиявӣ, ВАО ва меҳмонони зиёд иштирок намуданд..
Чорабиниро раиси Шӯрои директорони гурӯҳи ширкатҳои «Вавилон» Беҳзод Файзуллоев ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва изҳор дошт:
«Имрӯз барои гурӯҳи ширкатҳои “Вавилон” ва тамоми соҳаи алоқаи кишвар рӯзи таърихист. Мо оғози расмии ҳамкории худро бо яке аз пешсафони ҷаҳонӣ дар соҳаи телекоммуникатсия ширкати Nokia эълон менамоем».
Ӯ таъкид кард, ки ин иқдом дар доираи сиёсати давлатии рақамисозии иқтисод, бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия” амалӣ мегардад.
Ҳамкорӣ бо ширкати Nokia барои ворид намудани технологияи пешрафта ба кишвар, аз ҷумла шабакаҳои LTE ва 5G, мусоидат намуда, ба рушди инфрасохтори рақамӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ва рақобатпазир ба аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Исфандиёри Саъдулло зимни суханронӣ оғози фаъолияти Nokia-ро як қадами муҳим дар рушди соҳаи алоқа арзёбӣ намуда, онро оғози як марҳилаи нав ва умедбахш дар таърихи телекоммуникатсия номид.
Сипас, муовини президенти ширкати Nokia ҷаноби Питер Вуковис бо сухани ифтитоҳии худ оғози расмии фаъолияти ширкатро дар Тоҷикистон эълон намуд ва таъкид кард, ки ин рӯйдод барои ҳар ду ҷониб таърихист.
Намояндагони ширкати Nokia дар идомаи чорабинӣ фаъолияти ширкатро муаррифӣ намуданд. Чорабинӣ бо баргузории зиёфати расмӣ ҷамъбаст гардид.
Гурӯҳи ширкатҳои «Вавилон» мутмаин аст, ки ин ҳамкорӣ ба воридшавии технологияҳои муосир, рушди соҳа ва фароҳам сохтани имкониятҳои нав барои шаҳрвандон, соҳибкорон ва ҷомеа дар маҷмӯъ мусоидат хоҳад кард.