Дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ташкилоту идораҳо, муассисаву корхонаҳо дар назди шабакаҳои барқи ноҳия 64 миллиону 768 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд, ки дар миёни онҳо МИҲД-и ноҳия низ ҳаст.

Роҳбари тиҷоратии шабакаҳои барқи ноҳияи мазкур Фарҳод Мирзоев гуфт, аз ин қарз 48 миллиону 270 ҳазор сомониаш аз аҳолӣ, 10 миллиону 935 ҳазор сомониаш аз ташкилотҳо, 1 миллиону 20 ҳазор сомониаш аз корхонаҳои хусусӣ, 4 миллиону 542 ҳазор сомонии дигар аз идораи таъмири пойгоҳҳои обкашӣ мебошад.
Манбаъ афзуд, ки ҳатто дар байни ташкилоту идораҳои қарздор Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия низ ҳаст, ки 21 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад.
Блоки рекламавӣ