Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон 48 нафар баъди хӯрдани қурутоб заҳролуд шуданд, ки 25 нафари онҳо вазъияташон хуб нест.

Як манбаъ аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хабар дод, ин ҳодиса 24-уми январ дар хонаи як сокини деҳаи Чагамаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рух додааст.

Гуфта шуд, ки вазъи 25 нафари заҳролудшудагон хуб нест ва онҳо ба беморхонаи касалиҳои сироятии Кӯлоб оварда шуданд. Дигарон дар ҳудуди ноҳия муолиҷа мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияҳои кӯҳистон бештар дар фасли зимистон ҳамдеҳагон ҷамъ шуда ба хонаи якдигар ба меҳмонӣ  мераванд, ки ғизои асосӣ қурутоб аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь