Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар чор моҳи соли ҷорӣ бастани ақди никоҳ 12 ҳолат ва бекор кардани ақди никоҳ 5 ҳолат кам шудааст.

Мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Абудраҳмони Ҷомӣ Раҷабзода Зебогул ба “Фараж”гуфт, дар чор моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 430 ҳолати бастани ақди никоҳи шаҳрвандон ба қайди давалатӣ гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 ҳолат кам аст.

Ӯ афзуд, ки ҷудошавии оилаҳо 25 ҳолат ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 адад кам аст. “Аз 25 ҳолати бекор кардани ақди никоҳи ба қайд гирифта шуда, 22 ҳолат бо ҳалномаи суд, 3 ҳолат дар асоси аризаи якҷояи ҳамсарон бекор карда шудаст, ки 9 кӯдак аз тарбияи падарони худ маҳрум гашта, ҳамагӣ дар тарбияи модарони худ боқӣ мондаанд”, гуфт Раҷабзода.

– Дар маҷмуъ дар чор моҳи соли равон аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Абудраҳмони Ҷомӣ 2 ҳазору 992 сабт ба қайд гирифта шудааст, – илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь