Дар доираи лоиҳаи такмили системаи обтаъминкунӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон зиёда аз 50 ҳазор аҳолии як ҷамоат ва 7 деҳа аз се ҷамоати дигар бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин карда мешаванд.
Директори корхонаи давлатии фаръии КДФ обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммадшариф Сараев, гуфт, тибқи лоиҳа такмили системаи обтаъминкунӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо кӯмаки грантии Ҷопон татбиқ шудааст ва арзиши лоиҳаи мазкур 14 миллион долларро ташкил медиҳад.
Номбурда зикр кард, ки дар доираи ин лоиҳа дар мариҳилаи аввал ҳамаи ҷамоати шаҳраки ноҳия ва 7 деҳа – Бустон, Маданият, Истиқлолият, Раҳмизода, Мирзообод, Роҳи Сотсиализим, Зариносори ҷамотаҳои Иттифоқ, Калинин ва 50-солагии Истиқлолият пурра бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин карда мешаванд.