Дар соли 2022 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 263 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин рақам нисбати соли гузашта 2 ҳолат кам аст. Баъди ҷудо шудани ин шумораи оилаҳо даҳҳо кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум шуданд.

Мудири бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҷабзода Зебогул иттилоъ дод, омилҳои пошхӯрии оилаҳо дар ноҳия бефарзандӣ, дахолати шахсони сеюм ва дигар сабабҳо аст.

Номбурда илова кард, аз 263 оилае, ки соли гузашта ақди никоҳашонро бекор карданд, 251 ҳолати он бо қарори суд, 12 адад бо аризаи якҷояи ҳамсарон мебошад.

– Ниҳоди мо дар якҷоягӣ бо бахши занони ноҳия соли гузашта тавонист, 4 оилаи ҷавонро, ки дар ҳоли ҷудошавӣ қарор доштанд,  барқарор кунем, – гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ноҳияи мазкур 128 ҳазор аҳолӣ дорад ва аз маълумотҳои додаи роҳбарияти САҲШ-и ноҳия оид ба  пошхурии оилаҳо  маълум мешавад, соли гузашта ҳар моҳ қариб 22 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин омил боиси нигаронӣ аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь