Дар се моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 7 зан ҳангоми зоймон фавтидаанд, ки аз ин ду ҳолаташ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ рух додааст.  Ин ҳолат боис шудаст, ки сардухтури беморхонаи марказӣ ва мудири шуъбаи зоймони беморхона аз вазифа барканор шаванд.

Директори Маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон Гулбаҳор Зарипова дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, дар се моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон  42 ҳазору 774 зани ҳомила ба қайд гирифта шудааст.   “Мутаасифона дар ин давра дар вилоят 7 ҳолати фавти занон ҳангоми таваллуди фарзанд ба қайд гирифта шудааст, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта баробар аст”, – илова кард мафсуф.

Ӯ иттилоъ дод, ки  аз 7 фавти  модар ду ҳолаташ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва як нафарии дигар дар ноҳияҳои Вахш, Панҷ, Қубодиён ва  Восеъ рух додааст: “Баъди фавти модарон сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Ҳамадонӣ ва мудири шуъбаи зоймони беомрхона аз вазифаҳояшон барканор  шудаанд”.

Ба гуфти манаъ дар ноҳияҳои Вахш, Қубодиён, Восеъ, Панҷ бошад табибоне, ки вобаста ба фавти модарон ба хато роҳ дода буданд, аз тарафи Хадамоти назорати тиббӣ ҷарима шуда, бо танбеҳи қатъӣ огоҳонида шуданд.

Гулбаҳор Зарипова афзуд, Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва Маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон барои рух надодани фавти модарон ҳангоми зоймон ҳама чораҳоро меандешад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь