Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нобовар Чаноров, Шабнами Сурайё, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Фирӯза Ҳафизова, Зафар Аюбов ва наздик ба 100 нафари дигарро ба рӯйхати ҳунармандони саркаш аз пардохти андоз шомил кардааст.

Дар ин бора АИ «АП» хабар дода менависад, ки дар маълумоти Кумита, нархи хизматрасонии ситораҳои эстрадаи тоҷик барои баргузории як тӯйи арӯсӣ имрӯзҳо аз 1000 то 5000 доллари ИМА ва зиёда аз онро ташкил медиҳад, ки ҳаҷми даромади умумии чунин сарояндагон дар амал дар як соли тақвимӣ аз ҳадди муқарраршуда (100 ҳазор сомонӣ) зиёд мебошад.

Ғайр аз ин, дар рӯйхати дигари Кумитаи андоз сарояндагоне зикр шудаанд, ки саривақт ва дар ҳаҷми нопурра уҳдадориҳои пардохти андозро иҷро мекунанд. Ба ин саф овозхонҳои маъруф, аз ҷумла Садриддини Наҷмиддин, Меҳринигори Рустам, Сироҷиддин Фозилов, Суруш Холов, Пенҷӣ Анаев, Сафаргул Юсупова, Сарвиноз Юсуфӣ ва дигарон шомил гардидаанд.

Гуфта мешавад, дар Феҳристи ягонаи давлатӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ба аввали соли ҷорӣ дар мақомоти ҳудудии андоз 1 ҳазору 512 нафар  аз рӯи намуди фаъолияти сарояндагӣ, навозандагӣ, раққосӣ, хизматрасониҳои мусиқавӣ, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, сабти овоз ва банаворгирии ҷашну маъракаҳо ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Аз ин шумор 256 нафар ба сифати сароянда ва 503 нафар навозанда, раққос ва баранда зикр шудаанд.

Акс аз «АП»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь