Паҳлавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода дар мусобиқаи ҷудои Бозиҳои Осиё дар кишвари Чин дар вазни то 73 кг соҳиби медоли биринҷӣ шуд.
Хоҷазода дар даври аввал бар ҷудокори Филиппин Накано Кейсей бо имтиёзи иппон ғалаба карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад. Дар даври чаҳорякниҳоӣ ӯ бар Дониёр Шамшаеви қазоқ бо имтиёзи вазарӣ зафар ёфта, дар даври нимниҳоӣ аз Соичи Ҳашимотои ҷопонӣ бо як имтиёзи вазарӣ мағлуб шуд.
Нимаи дуюми имрӯз Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг барои нишони биринҷӣ бо Кингдага аз Чин рақобат кард ва барандаи нишони биринҷии Бозиҳои Осиёӣ-2023 дар Ханчжоуи Чин шуд.
Блоки рекламавӣ