2-юми декабр дар Сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе нишаст баргузор гардид. Нишасти мазкур дар ҳоле баргузор гардид, ки 1-уми декабр Созмони миллали муттаҳид аз ба расмият шинохтани намояндаи “Толибон” худдорӣ кард.
Сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар ин бора суханронӣ карда ин нишастро нишасти таърихӣ номид.
“Ин нишастро нишасти торихӣ медонем. Ин шикасти “Толибон” ва ҳифзи курсии давлати Афғонистон дар Созмони миллали муттаҳид аст”, – гуфт ҷаноби Ағбар.
Ёдрас мебояд шуд, ки 1-уми декабр Кумитаи аккредитатсияи СММ масъалаи намояндагии Афғонистонро баррасӣ кард ва намояндаи “Толибон” Суҳайл Шоҳинро ба расмият нашинохт. Ғулом Исҳоқзай, ки аз ҷониби ҳукумати Ғанӣ таъйин шудааст, пешниҳод шуда буд, чун пештар ҳукумати кишвари Афғонистонро дар Созмони миллал намояндагӣ мекунад.
Дар ин бора Геннадий Кузмин, муовини намояндаи Федератсияи Русия дар СММ, тавзеҳот дод. Ба гуфтаи ӯ, кумитаи аккредитатсия ин тасмимро ба муддати номуайян ба таъхир гузоштааст. То он замон Афғонистонро Исҳоқзай намояндагӣ мекунад.
Гузориши эътиборнома рӯзи 9 декабр барои тасвиб ба Ассамблеяи генералӣ пешниҳод мешавад.
Дар ин баробар “Толибон” қарори Кумитаи аккредитатсияи СММ-ро хуш напазируфт.
Ба гуфтаи Мухаммад Суҳайл Шоҳин, (номзади маҳрумшудаи “Толибон” ба вазифаи намояндаи доимӣ), ин қарор мухолифи принсипу адолат буда, ҳуқуқҳои халқи Афғонистонро поймол мекунад.
“Кумитаи эътимоднома дирӯз тасмим гирифт, ки то ҳол курсии Афғонистон дар СММ ба ҳукумати нав дар Афғонистон дода нашавад. Ин қарор бар асоси қоидаҳои қонунӣ ва адолат нест, зеро онҳо халқи Афғонистонро аз ҳуқуқи қонунии худ маҳрум кардаанд”, – навиштааст Муҳаммад Суҳайл дар шабакаи Твиттерии худ.
Ӯ инчунин умедвории худро ба он, ки дар ояндаи метавонад ҳуқуқи намояндагиро дар СММ ба даст оварад. То онҳо тавонанд, ки масъалаҳои мардуми Афғонистонро муассир ҳал кунанд ва ҳамкориҳои мусбатро бо ҷаҳониён нигоҳ дошта бошанд.
Бахтиёр Раҳматуллоев