7-уми феврали соли 2022 тибқи нақшаи муқаррарнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толормаҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ ”Амонатбонк” нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти солонаи БДА ҶТ «Амонатбонк» дар соли 2021 бо иштироки доираи васеъи рӯзноманигорон аз ВАОи дохилу хориҷӣ кишвар баргузор гардид.

Дар оғоз Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. ҷиҳати ҳамкории дуҷониба ва судманд дар самти тарғиби фаъолияти низоми бонкӣ, бахусус БДА ҶТ “Амонатбонк” ҳамчун бонки давлатӣ дар байни ҷомеа, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма изҳори миннатдорӣ намуданд.

Сипас оид ба натиҷаҳои молиявии Бонк дар соли сипаригардида ба ҳозирин маълумот пешниҳод гардида, қайд гардид, ки Амонатбонк дар соли 2021 ба зиёда аз 23 ҳазор корхонаю ташкилотҳо, зиёда аз 771 ҳазор нафар нафақагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,7 млн. нафар амонатгузорон тавассути 75 филиал ва 547 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо шумораи зиёда аз 3000 нафар кормандон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасонӣ намуд.

Сармояи Бонк ба 575,5 млн. сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба соли 2020   25,7 % афзоиш ёфтааст.

Фоидаи софи Бонк 66,2 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2020   29,1% афзудааст.

Бонк аз рӯи фаъолияти худ 110 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ пардохт намудааст, ки нисбат ба соли 2020 13,7 млн. сомонӣ ва ё 14,2% зиёд мебошад.    Зикр гардид, ки дар асоси хулосаи Комиссияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон БДА ҶТ «Амонатбонк» барои иҷрои софдилонаи қонунгузории андоз, саҳми арзанда дар рушди иқтисодиёт ва буҷети давлатӣ андозсупорандаи беҳтарини соли 2021 интихоб шудааст.

Бо мақсади мусоидат ба фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон ва истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Бонк иқдомҳои пешниҳоди қарзҳои имтиёзнокро бо фоизи паст роҳандозӣ намуд.

Бонк аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 72 ҳазор муштарӣ 1,4 млрд. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки нисбат ба соли 2020 шумораи қарзгирон 44% ва ҳаҷми қарздиҳӣ 34% зиёд гардидааст.

Қарзҳои додашудаи Бонк ба соҳаҳои саноат 21,6%, кишоварзӣ 11,4%, истеъмолӣ 31,9%, сохтмон 10,3%, тиҷорат 17,5% нақлиёт 3,7% ва дигар хизматрасонӣ (сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ) 3,6% рост меояд.

Дар соли ҳисоботӣ аз ҳисоби ҷалби сармояи мустақим, аз ҷумла 43 млн. доллари ИМА-и бонкҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 5 млн. доллари ИМА-и ҶС «Ширкати суғуртаи содиротии «KAZAKHEXPORT»-и Қазоқистон, ба 27 ширкати ватанӣ дар ҳаҷми 16,1 млн. доллари ИМА барои ворид намудани молу маҳсулот қарзи бонкӣ пешниҳод карда шуд.

Бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ зиёда аз 3,2 млрд. сомониро ташкил дод. Аз он ҷумла, бақияи пасандозҳои аҳолӣ зиёда аз 1,6 млрд. сомониро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба соли 2020 5,3% афзоиш ёфтааст.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ба пасандоз ҷалб намудани маблағҳои интиқолии ба ҷумҳурӣ воридшаванда, дар Бонк пасандози муҳлатноки “Ҳамватани бурунмарзӣ” роҳандозӣ шудааст, ки бақия он 81.1 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Баъд аз ҳисоботи Раиси Раёсат оид ба фаъолияти солонаи БДА ҶТ “Амонатбонк” аз ҷониби рӯзноманигорон суолҳо пешниҳод гардида ба онҳо посухҳои мушаххас гардонида шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар нишасти матбуотии навбатӣ 42 нафар рӯзноманигорон аз ВАО иштирок доштанд. Вобаста ба нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти БДА ҶТ «Амонатбонк» дар соли 2021 ҳамаи рӯзноманигорон бо варақаҳои иттилоотӣ (ПРЕСС-РЕЛИЗ) таъмин карда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь