Муассисаи фарҳангии ЭКО бо ҳамкории Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Эрон маросими «Мероси Абай-ифтихори ҷаҳонии Қазоқистон»-ро дар толори ҳамоишҳои байналмилалии ин муассиса, бо ҳузури сафирони кишварҳои узви ЭКО, мақомот ва ҷамъе аз нависандагону пажӯҳишгарон баргузор кард.

Дар ин нишасти байналмилалӣ, доктор Онталап Онолбоев, сафири Ҷумҳурии Қазоқистон, бо ишора ба мафҳумҳо ва мазмунҳои амиқи осори Абай баён дошт, ки мероси Абай муқаддастарин ганҷинаи қазоқ аст:

– Абай фарди бофарҳанги ҷаҳонӣ аст ва мероси ғании адабии Абай на танҳо ганҷинаи маънавии як миллат, балки мутааллиқ ба кулли башарият аст.

Доктор Саъд Хон, раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО, дар ин нишаст бо ишора ба нақши унсурҳои мухталифи фарҳангӣ дар эҷоди ҳамгароӣ миёни миллатҳои ЭКО тасреҳ кард:

– Абай фақат як шоир нест, балки як ислоҳталаби иҷтимоӣ аст ва зарурист, ки идеяҳои эшон ба забонҳои мухталиф тарҷума шавад.

Дар ин маросим, ки бо ҳузури сафирон ва мақомоти кишварҳои Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон баргузор шуд, доктор Бичоклӣ, доктор Алиризо Ҳабибӣ ва хонум Гавҳар Умархонова суханронӣ карданд.

Дар идомаи ин маросим, ки бо дабирии доктор Заҳро Аслонӣ иҷро шуд, видеои суханронии Ҳусайн Оқозода, доктор Сафар Абдулло, доктор Ислом Чаманӣ ва хонумҳо Бахтҷамол Аспонова ва Марфуға Шопён пахш шуд.

Рӯнамоӣ аз фарш ва албоми мусиқии ҳаким Абай, боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои дастии Қазоқистон ва китобҳои мунташиршуда дар ҳавзаи Абай аз дигар бахшҳои ин маросим буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь