Аз ғози соли 2023 қимати патент барои муҳоҷирони корие, ки  дар Маскав кору фаъолият мекунанд,  700 рубли русӣ гаронтар мешавад. Яъне аз 5 ҳазору 900 рубл ба 6 ҳазору 600 рубл  боло бурда мешавад, ки ин вазъ аксар муҳоҷирони меҳнатиро нигарон кардааст.

Ба муҳоҷирони тоҷик, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ  барои гирифтани патент рафтанд, гуфтаанд, ки аз авали моҳи январи соли 2023 нархи патент боло бурда мешавад.

Шаҳром, муҳоҷири кории тоҷик, ки ҳоло дар як ширкати сохтмонии шаҳри Маскав кор мекунад, гуфт, ҳар сол нархи патентро боло мебардоранд, аз ин маоше, ки аз сохтмон мегирад, 60 дарсадаш барои дуруст  кардани  ҳуҷҷатҳо ва ғизо масраф мешавад.

Ӯ гуфт, чанде пеш барои гирифтани патент рафтааст, дар онҷо ба ӯ гуфтаанд, ки аз оғози соли нав нархи патент аз 5 ҳазору 900 рубл ба 6 ҳазору 600 рубли русӣ боло бардошта мешавад.

– Агар дар моҳи декабр маблағи патенти чор-панҷ моҳро пардохт кунед, бо ҳамон нархи пешина метавонед,  гиред. Маҷбурам дар моҳи декабр ба хонаводаам маблағ равон накунаму барои 5 моҳ 33 ҳазор пули патент супорам, – гуфт ӯ.

Ба мисли ин садҳо муҳоҷири дигар аз боло рафтани нархи патен шикоят карда гуфтанд, ки дар зимистон кор нест, боз болои ин нархи патент афзудааст.

Муовини сардори раёсати сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳри Маскав, сардори шӯъбаи таҳлили андоз Даря Мурченко ба расонаҳо  хабар додааст, ки дар соли 2023 арзиши патент барои муҳоҷирони корӣ, ки дар Маскав фаъолият мекунанд, то ба 6600 рубл боло бурда мешавад.

“Дар соли 2022 маоши расмии муҳоҷирони корӣ дар соҳаҳои анъанавии онҳо 11,5% афзоиш ёфтааст. Дар робита ба ин, пешниҳод мешавад, ки арзиши патент мутаносибан дар як моҳ то 6600 рубл зиёд карда шавад”, — гуфтааст Даря Мурченко.

Ҳоло муҳоҷирони хориҷие, ки дар Маскав кор мекунанд, моҳона 5900 рубл барои патент пардохт мекунанд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,

махсус барои  “Фараж”, аз шаҳри Маскави Федератсияи Русия

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here