Рӯзи гузашта Шавкат Мирзиёев аввал бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора дафтари матбуоти Райёсатиҷумҳури Ӯзбекистон иттилоъ додааст.

Бино ба ин хабар роҳбарони ду давлат масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷонибаи Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро муҳокима карданд ва дар бораи ҳамкориҳои минтақавӣ табодули назар намуданд.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо ба ташаннуҷи вазъ дар минтақа, ки аз бадшавии авзоъ дар Афғонистон ва шиддати ташаннуҷ дар он  маншаъ гирифтааст, таваҷҷӯҳи хос зоҳир намудаанд. Дар гуфтугӯи телефонӣ ба он нукта таъкид варзидаанд, ки идомаи ҳамоҳангии наздики байниидоравӣ дар чунин шароит басо муҳим ва ногузир мебошад.

“Ҳамчунин, сарварони ду давлат чорабиниҳои сатҳи олии оянда, аз ҷумла нақшаи баргузор намудани Мулоқоти машваратии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказиро матраҳ намуданд”, омадааст дар иттилои дафтари матбуоти Раёсатиҷумҳури Ӯзбекистон.

Тавре ин манбаъ боз иттилоъ додааст, чунин гуфтугӯи телефонии Шавкат Мирзиёев бо президенти Федератсияи Русия Владимир Путин низ баргузор шудааст.

“Дар он масъалаҳои шарикии стратегӣ ва мустаҳкам намудани муносибатҳои иттифоқии миёни Ӯзбекистон ва Русия баррасӣ гардиданд. Онҳо инчунин дар робита ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ низ табодули назар карданд”, гуфта мешавад дар иттилои мазкур.

Маълум шуд, ки сарони давлатҳо аз пешрафти ҳамкориҳои кунунӣ дар соҳаҳои гуногуни миёни ду кишвар, хусусан ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод ибрози қаноатмандӣ кардаанд.

Президентҳо ба рушди авзоъ дар Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд, ки бар асари бадшавии вазъ дар минтақаҳои шимоли Афғонистон ба вуҷӯъ пайвастааст. Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин дар ҷара1ни гмулоқоти телефонӣ перомуни давом додани гуфтугӯҳои доимӣ ва ҳамкории зичи байни мақомоти салоҳиятдор ва ташкилотҳои Ӯзбекистон ва Русия низ ба тавофуқ расидаанд.

Дар ҳамин ҳол Ӯзбекистон аз ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон ва даргириҳои миёни нерӯҳои давлатӣ ва ҷунбиши Толибон ибрози нигаронӣ мекунад, вале устуворона эълом медорад, ки ба кори дохилии ин давлат ҳаргиз мудохила нахоҳад кард.

Ҷониби Ӯзбекистон бо як гурӯҳи 53-нафарии мусаллаҳони афғонистонӣ, ки 23 июни соли равон дар натиҷаи бад шудани вазъ дар минтақаи шимоли кишварашон ба марзи Ӯзбекистон гузашта буданд, расмиёти заруриро анҷом доданд ва онҳоро дубора ба кишварашон баргардониданд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамон изҳорот иброз медошт, ки: “Бо ҳар гуна кӯшиши гузаштани марзи ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбекистон қатъиян бархурд хоҳад кард ва нисбати вайронкунандагони марзи давлатӣ аз чораҳои шадид кор хоҳад гирифт”.

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар ин изҳорот ҳамчунин таъкид мекард, ки бо Афғонистони ҳамҷавор муносибатҳои некашро давом хоҳад дод ва ҳамеша омода аст, ки дар соҳаи тиҷорат ин ҳамкориҳояшро беш аз пеш тавсеа бахшад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь