Нуқтаи таъмини сӯзишвории “ЭКО-ОЙЛ”, воқеъ дар маҳаллаи Испечак-2, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки 10 моҳ қабл дар натиҷаи сӯхтор пурра ба коми оташ рафта буд, аз нав ба фаъолият шуруъ кардааст.
Дар НФС ба “Фараж” гуфтанд, ки иҷозатномаи фаъолият пас аз азнавсозии куллӣ, насб кардани таҷҳизоти замонавии газию безинӣ ва таъмини талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар нуқтаи сӯзишворӣ ба даст омадааст.
Ёдовар мешавем, ки НФС “ЭКО-ОЙЛ” шоми шанбеи 1-уми маи соли 2021 оташ гирифт. ВКД он замон гуфта буд, ки ҳодиса “бар асари риоя нашудани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор” ба амал омадааст ва “…бар асари ҳодиса масоҳати 90 метри мураббаъи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва зиёда аз 60 тонна захираи маводҳои сӯзишворӣ ба коми оташ рафта, 11 нафар ҷароҳати сабуки сӯзиши бадан гирифтанд”, аммо рӯзи баъди Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар аз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштани 29 нафар иттилоъ дод. Он замон табибон вазъи саломатии танҳо як нафар корманди НФС Алексей Рязантсевро, ки 75 дарсади баданаш сӯхтааст, вахим арзёбӣ карда буданд. Мутаассифона, пас аз чанд рӯзи дигар хабари марг ӯ расонаӣ шуд.
Мақомот гуфтанд, ки НФС ба соҳибкори инфиродӣ Розиқов Эҳсонҷон, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ 64, хонаи 72 тааллуқ дорад ва ӯро “барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор” муттаҳам ва нисбаташ бо моддаи 192, қисми 2-и КҶ ҶТ парванда боз кардаанд. Моддаи мазкур ду сол маҳрумӣ аз озодӣ ва ё ҷарима дар ҳаҷми 60 ҳазор сомониро пешбинӣ мекунад.
Як гуруҳ сокинони гирду атрофи НФС аз он шикоят карданд, ки пас аз таркиши шадид ва афтидани оҳанпораҳои мошини ҳомили газ, боми бинои истиқоматии 9-ошёнаашон зарар дидааст.