Неруҳои исроилӣ вориси раҳбари Ҳизбуллоҳ Ҳасан Насруллоҳ, ки дар охири моҳи сентябри соли ҷорӣ дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил кушта шуд, аз байн бурданд. Дар ин бора сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу изҳор дошт.
“Исроил ҳақ дорад худро дифоъ кунад. Исроил низ ҳаққи пирӯзӣ дорад ва ин корро хоҳад кард. Мо тавоноии Ҳизбуллоҳро заиф кардем. Мо ҳазорон террористро, аз ҷумла худи Насруллоҳ, вориси Насруллоҳ ва вориси вориси ӯро куштем”, гуфт Нетаняҳу.
Ба гузориши шабакаи Ал-Арабия, Натаняҳу, нахуствазири Исроил, ки дар бораи вориси Насруллоҳ ҳарф мезанад, гӯё ба Ҳошим Сафиаддин ишора кардааст, ки дар бораи марги ӯ, пас аз ҳамла ба гурезгоҳи зеризаминӣ дар ҷануби Бейрут, гузориш шуда буд.
Қаблан расонаҳои арабӣ ва исроилӣ иддао мекарданд, ки Сафиаддин раиси нави Ҳизбуллоҳ интихоб шудааст. Аммо Нетаняҳу мушаххас накардааст, ки ҳангоми суханронӣ дар бораи “вориси вориси Насруллоҳ” киро дар назар дошт.
Қаблан Неруҳои ҳавоии Исроил аз маҳв шудани раҳбари Ҳизбуллоҳ ва ҳамчунин Алӣ Каркӣ, фармондеҳи ҷабҳаи ҷанубии ин гуруҳ, хабар дода буданд.
Ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба фармондеҳии марказии Ҳизбуллоҳ дар Бейрут ҳамла карданд. Ҳамла замоне сурат гирифт, ки раҳбарияти Ҳизбуллоҳ дар қароргоҳи фармондеҳӣ қарор дошт.
Ба навиштаи Financial Times, маълумот барои аз байн бурдани Насруллоҳ тақрибан 20 сол ҷамъоварӣ шудааст.