Исроил қасд дорад дар ояндаи наздик ба анҷоми амалиёти низомии худ дар Ғазза “бо тамоми нерӯ” шуруъ кунад. Дар ин бора нахуствазири ин кишвар Бенямин Нетаняҳу изҳороти дахлдор кард.

«Дар рӯзҳои наздик мо ба анҷоми амалиёт бо тамоми қувва шуруъ хоҳем кард. Анҷоми амалиёт маънои нобуд кардани Ҳамосро дорад». Нетаняҳу афзуд, Исроил метавонад ба сокинони Ғазза иҷозат берун рафтан диҳад, ба шарте кишварҳое бошанд, ки мехоҳанд онҳоро қабул кунанд. “Мо маъмурияте таъсис додем, ки ба онҳо (ғаззагиҳо) иҷоза диҳад, ки он ҷоро тарк кунанд, аммо… ба мо кишварҳое лозиманд, ки омодаи қабули онҳо ҳастанд. Мо ҳоло дар ин самт кор мекунем”, гуфт Нетаняҳу.

Ёдовар мешавем, ки дар аввалҳои моҳи май мақомоти Исроил аз густариши амалиёт дар навори Ғазза хабар дода буданд. Қаблан хабар дода будем, ки миёнаравҳои Қатар ва Миср ба Ҳамос ва Исроил нақшаи нави оташбас барои 5-7 солро пешниҳод кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь