Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, барои нахустин бор даст доштани ин кишвар дар инфиҷори пейҷерҳои аъзои «Ҳизбуллоҳ»-ро эътироф кард.

“Амалиёт бо пейҷерҳо ва барҳам додани Насрулло (Ҳасан Насруллоҳ – раҳбари собиқи Ҳизбуллоҳ) сарфи назар аз мухолифати мақомоти баландпояи вазорати дифоъ ва масъулони онҳо дар эшелони сиёсӣ анҷом дода шуд”, – менависад The ​​Times of Israel аз гуфти сарвазир.

Аз ин пеш раисиҷумҳури Исроил Исҳоқ Ҳерзог дар мусоҳиба бо телевизиони Sky News амалиёти тарконидани пейҷерҳоро рад кард. Вай итминон дод, ки Исроил дар таркишхо даст надорад, зеро намехоҳад, ки ҷанг бо Лубнон миқёси васеъ ёбад.

Ёдовар мешавем, ки 17-уми сентябри соли ҷорӣ пейҷери садҳо нафар аз аъзои гуруҳи «Ҳизбуллоҳ» дар Лубнон ва Сурия таркиданд. «Ҳизбуллоҳ» Исроилро ба муттаҳам кард ва ваъда дод, ки “вокуниши одилона” хоҳад дод. Бар асари таркишҳои дастгоҳҳои электронӣ 12 нафар кушта ва ҳудуди 2,8 ҳазор нафар маҷруҳ шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь