Ба гузориши ТоҷикТА ширкати малайзии HOS International Trading SDN BHD ва чанде аз ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон нерӯгоҳи гарморасонии “Шӯроб”-ро месозанд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон иттилоъ додаааст, ки намояндагони ин ширкати малайзӣ чанде пеш аз шаҳраки Шӯроб дар ноҳияи Исфара боздид карда ва гузорише аз захираи ангиштсанг дар минтақае дарёфт кардаанд, ки қарор аст дар он ҷо нерӯгоҳи гарморасонӣ сохта шавад.

Гуфта мешавад, ки тарҳи сохтусози нерӯгоҳи гарморасонӣ дар Шӯроб, ки 300 МВт зарфият хоҳад дошт, бо ҳазинаи 400 млн доллар сармоягузории мустақим иҷро хоҳад шуд.

Барқеро, ки ин нерӯгоҳ тавлид хоҳад кард, ширкати давлатии “Барқи тоҷик” ба масрафкунандагон хоҳад фурӯхт. Пештар хабар дода шуд, ки сармоягузороне аз Туркия дар вилояти Суғд якчанд меҳмонхона хоҳанд сохт. Раҳбарии вилоят ҳамчунин ба сармоягузорони турк пешниҳод кардаанд, ки тарҳи бунёди гармхона барои кошту парвариши бодиринг, помидор ва гул, сохтсуози корхонаи пӯшоки кӯдаконаро низ баррасӣ кунанд.

Мунира Амирхонова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь