Аз ҷамъи умумии кӯдакони вилояти Хатлон ҳамагӣ 10,2 дарсадаш ба кӯдакистон ва марказҳои рушди кӯдакон  фаро гирифта шудаанд.

Олими Ашуралӣ

Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Олими Ашуралӣ, ахиран дар нишасти хабарӣ гуфт, ки айни замон дар вилояти Хатлон шумораи кӯдакони аз 3 то 6-сола 408 ҳазору 444 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо ҳамагӣ 41 ҳазору 767 нафарашон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди  кӯдакон фаро гирифта шудаанд, ки ҳамагӣ 10,2 дарсадро ташкил медиҳад.

Ин шахси масъул афзуд, ки фарогирӣ ба кудакистон ва марказҳои инкишофи кӯдак дар шаҳри Бохтар 22 %, Носири Хусрав ва Шаҳритус 16 %, Темурмалик 15 %,  Левакант ва Восеъ 14%, Норак 13 %, Кӯлоб, Фархор, Данғара 12 %, Вахш, Муъминобод, Панҷ 11 %, Ҳамадонӣ, Балҷувон, Хуросон, Шамсиддини Шоҳин, Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ 10 %, Ховалинг 9 %, Кӯшониён 8 %, Қубодиён 7 %, Дӯстӣ 5 % ташкил дода, дар ноҳияҳои Ҷайҳуну Ҷомӣ ҳамагӣ 3 фоизи кӯдакон ба муасссиаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишфои кӯдак ҷалб шудаанд, ки ин кофӣ нест.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 159 муассисаи томактабӣ ва 850 маркази инкишфои кӯдакон фаъолият мекунанд.

Қурбон Ҳакимзода

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, низ зимни нишасти матуботиаш иттилоъ дод, ки соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои Балхӣ, Ёвон, Восеъ чанд муассисаи хусусии томактабӣ ва 24 маркази рушди кӯдак зиёд гардида, фарогирии кӯдакон 2 ҳазору 925 нафар зиёд  карда шуд.

Раиси вилоят низ тасдиқ кард, ки фарогирӣ  кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдак 10,2 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин хеле кам аст.

– Ҳукумати вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо талош доранд дар солҳои оянда фарогирии кӯдаконро ба   муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдак зиёд кунанд, – илова кард раиси вилоят.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь