Дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон 13 маркази саломатӣ пурра таъмир шуда, бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.

Дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар деҳот”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кушониён 13 маркази саломатии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия марҳила ба марҳила пурра азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, генераторҳои дизелии барқӣ, генераторҳои офтобии барқӣ ва бо оби гарм таъмин мешаванд, Дар ин бора аз ҳукумати ноҳияи мазкур хабар доданд.

Фароҳам овардани шароити хуби корӣ ба ин муассисаҳои муҳими тиббӣ, барои босифат расонидани хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандони деҳот мусоидат хоҳад кард. Фаъолияти ҳамарӯзаи ин муассисаҳои тиббӣ, зери назорати доимии роҳбарияти КАТС-и ноҳия қарор дошта, ба марказҳои саломатӣ мутахассисони ботаҷриба  ба кор ҷалб мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь