Чорабинии Наврӯзи вилояти Хатлон, имсол 21-уми март дар шаҳри Бохтар баргузор карда мешавад.
Айни замон омодагӣ ба Наврӯз дар варзишгоҳи «Пахтакор» идома дорад. Чанде пеш дар ин варзишгоҳ ситоди омодагӣ ба Наврӯз таъсис дода шуд.
Дар ҷаласаи ситод муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло ширкат доштанд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ зимни баромадаш аз ҷараёни корҳои омодагӣ ба Наврӯз пурсишҳо ба амал оварда, гуруҳи эҷодиро вазифадор намуд, ки барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани чорабинии мазкур тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамзамон барои ташкили намоиши маҳсулотҳои хоҷагии халқ ва баргузор кардани намоишҳои таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ масъулонро муваззаф кард.
Дар робита ба ин раиси шаҳр барои ороиш ва насби овезаҳо бахши хидматрасонии комуналӣ ва аъзоёни ситодро вазифадор кард, ки дар муҳлати кутоҳ камбудиҳои ҷойдошта бартараф карда шаванд.
Муддати чанд рӯз аст, ки дар маҳаллаҳои шаҳри Бохтар чорабиниҳои ҷашни Наврӯз бо ҳаме расму оинаш аз ҷониби сокинони шаҳр баргузор мегардад.