Субҳи имрӯз дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2022 барои анҷоми тамринҳои дуҳафтаина ба кишвари Туркия парвоз кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба гуфтаи манбаъ, дар ин ҷамъомади тамринӣ, ки аз 22-юми январ то 4-уми феврал давом мекунад, сармурабии дастаи мунтахаби наврасони кишвар Зайниддин Раҳимов 20 бозигар, ду дарвозабон, шаш муҳофизатгар, ҳашт ниммуҳофизатгар ва чор ҳамлагарро ба ҳайат ҷалб кардааст. Дар ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталияи Туркия футболбозони тоҷик чор бозӣ анҷом хоҳанд дод. Ҳарифон то ҳанӯз муайян нестанд.
Баъди анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ шогирдони Зайниддин Раҳимов озими кишвари Белорус мешаванд ва дар он ҷо дар мусобиқаи 17-уми байналмиллалии “Ҷоми Рушд”, ки аз 5-ум то 14-уми феврал дар шаҳри Минск доир мегардад, иштирок мекунанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16) барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия ҳама дастпарварони Академияи футболи ФФТ ҳастанд:
Дарвозабонҳо: Сунатулло Исмоилов, Абубакр Маҳмудов;
Ҳимоятгарон: Диловари Ҷамшедзода, Муҳаммаҷон Орипов, Баракатулло Ниғматуллозода, Абубакр Саидов, Муҳаммадҷони Тоҳирӣ, Бахтиёр Махсумов;
Нимҳимоятгарон: Абубакр Сулаймонов, Аҳмадҷони Абусатторӣ, Нарзулло Сангалиев, Абдуманнон Ҳоҷӣ Нӯъмонзода, Беҳрӯз Хуҷаев, Меҳрубон Ҳамидов, Бахтовар Ғаюров, Муҳаммад Қурбонов;
Ҳамлагарон: Билол Бобоев, Масрур Ғафуров, Диловар Азизов, Мусо Қаҳҳоров.
Сармураббии даста Зайниддин Раҳимов мебошад.
Муҳаммадназар Наҷмиддинов