Тайи дусадсолаи охир, дар баробари саҳифаҳои шаҳири таърихи Озарбойҷон рӯзҳое низ сабт шудаанд, ки оғуштаи хун ва куллан фоҷиаву наслкуширо дар бар гирифтаанд.  Яке аз чунин ҳодисаҳои даҳшатнок моҳҳои март-апрели соли 1918 рух дод.

Пас аз барқарории истиқлолияти Ҷумҳурии Озарбойҷон имконоти инъикоси ҳақиқати воқеии таърихи гузаштаи халқи Озарбойҷон фароҳам гардид. Далелҳое ошкор шуданд, ки дар гузаштаи наздик аз мавзӯъҳои махфӣ ва мамнӯъ буданд, воқеаҳои қаблан таҳрифшуда баҳои ҳақиқии худро ба даст оварданд.

Наслкушие, ки борҳо нисбати мардуми Озарбойҷон сурат гирифта буд ва солҳои тӯлонӣ арзиши сиёсиву ҳуқуқии худро нагирифтааст, яке аз саҳифаҳои камомӯхтаи таърих мебошад.

Шартномахои Гулистон ва Туркманчой, ки солхои 1813—1828 ба имзо расида буд, ибтидои парокандагии халқи Озарбойҷон ва тақсими сарзамини таърихии он гардид.  Дар идомаи ин фоҷиаи миллии халқи Озарбойҷон истилои заминҳои он низ оғоз ёфт.  Дар муддати кутоҳ ин сиёсат ба воқеият табдил шуд ва бад-ин тартиб интиқоли оммавии арманиҳо ба сарзамини Озарбойҷон сар шуд. Наслкушӣ низ яке аз ҷузъҳои ҷудонашавандаи ишғоли заминҳои Озарбойҷон гардид.

Бо вуҷуди он, ки арманиҳо дар ҳудуди хонигариҳои Иревон, Нахҷувон ва Қарабоғ дар муқоиса бо озарбойҷониҳои муқими он ҷо ақаллиятро ташкил медоданд, таҳти сарпарастии ҳомиёни худ ба таъсиси воҳиди маъмурии «вилояти арманистон» ноил гардиданд. Чунин усули тақсимоти сунъии замин дар ҳақиқат ба сиёсати рондани озарбойҷониҳо аз сарзамини хеш ва несту нобуд кардани онҳо асос гузошт.

Ва ниҳоят тарғиби ғояҳои “Арманистони бузург” оғоз гардид.  Барои «асоснок кардан»-и ташкили ин давлати бофта дар заминҳои Озарбойҷон, барномаҳои васеъ ба амал бароварда шуданд, ки мақсад аз онҳо сохтакориҳои таърихи халқи арманиҳо буд. Таҳриф намудани таърихи Озарбойҷон ва умуман тамоми Қафқоз низ ҷузъи муҳими ин барномаҳо буд.

Аввалин куштори озарбойҷониҳо дар асри ХХ, солҳои 1905-1907 аз ҷониби арманиҳое, ки шефтаи ғояи «Арманистони бузург» буданд, анҷом дода шуд. Дар он замон дар Боку, Нахҷувон, Зангезур, Иревон ва дигар сарзаминҳои таърихии Озарбойҷон ҳазорҳо озарбойҷониҳо ваҳшиёна ба қатл расонда шуданд. Аз моҳи декабри соли 1917 то марти соли 1918 таҳти роҳбарии Андраник ва иштироки фаъолонаи қушунҳои арманӣ 197 деҳа, аз ҷумла 32 деҳоти Иревон, 84 деҳ дар шаҳристони Эчмиадзин, ва 7-тои дигар дар шаҳристони Нор-боязид вайрон шуданд.  Бархе аз сокинон кушта ва дигарон базӯр аз хонаҳояшон ронда шуданд. Дороии онҳо ғорат шуда, хонаҳояшон ба хок яксон гардид.

Вақте сухан аз наслкушии озарбойҷониҳо меравад, одатан ишора ба қатли оми моҳи марти соли 1918 мешавад, ки арманиҳои мусаллаҳ дар Боку, Шамохӣ, Қубо, Гойчой, Курдамир, Салян, Ланкарон ва дигар вилоятҳо анҷом доданд.

Аз 30 март то 3 апрели соли 1918 дар Боку ва бахшҳои гуногуни иёлоти  Боку, инчунин дар вилоятҳои Қарабоғ, Нахҷувон, Шамохӣ, Қубо, Ҳачмаз, Ланкарон, Салян, Зангезур ва дигар минтақаҳо, қушунҳои Баксовет ва гурӯҳҳои мусаллаҳи дашнакҳои арманӣ наслкушии ҳақиқии озарбойҷониҳоро содир карданд, ки қурбониёни он бино ба маълумоти расмӣ ба даҳҳо ҳазор мерасид, онҳо бар асоси хусумати қавмиву мазҳабӣ кушта шуда, маҳаллаҳои аҳолинишин, ёдгориҳои таърихӣ, масҷиду қабристонҳо нобуд гаштанд.

Куштори оммаи озарбойҷониҳо дар Боку 31 марти соли 1918 оғоз ёфт. 6000 нафар аскарони Баксовет ва 4000 нафар аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳизби “Дашнаксутун”  дар қатли озарбойҷониҳо, сокинони осоишта иштирок карданд.  Дар давоми се рӯз дастаҳои мусаллаҳи арманӣ бо ёрии болшевикон хонаҳои озарбойҷониҳоро вайрон карда, хурду калонро куштанд. Дар соли 1925 шоҳиди он рӯзҳои мудҳиш, марди олмоние бо насаби Кулнер воқеаҳои Бокуро чунин шарҳ менамуд: “Арманиҳо ба маҳаллаҳои мусулмонон (озарбойҷониҳо) даромада, ҳамаро паси ҳам мекуштанд, бо теғ рахна намуда, бо найза чок мекарданд. Чанд рӯз пас аз ин ҳодисаҳо аз даруни чоҳ 87 ҷасади озарбойҷониҳоро бароварданд, ки бо гӯшу бинӣ ва узвҳои ҷинсии буридашуда ва шикамҳои чок онҷо партофта шудаанд. Арманиҳо на ба кӯдакон ва на ба пиронсолон раҳме накардаанд”.

Аз ҳуҷҷатҳои комиссияи фавқуллодаи тафтишотӣ, ки ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон ташкил карда буд, чунин бармеояд, ҷаллодони армание, ки наслкушии озарбойҷониҳоро содир кардаанд, танхо дар Шамохӣ кариб 8 хазор нафар аҳолии осоиштаро ба доми марг гирифтор кардаанд. Дар вилояти Ҷавоншир якҷоя бо аҳолӣ 28 деҳа тамоман несту нобуд шуданд, дар ноҳияи  Ҷабраил 17 деҳа комилан аз байн бурда шуд. Арманиҳо дар наздикии Гумру камин барпо карда, 3000 нафар муҳоҷирон, асосан занон, тифлон ва пиронсолонро ба қатл расонданд.

Гурӯҳҳои мусаллаҳи арманиҳо якчанд деҳаи ноҳияи Нахҷувонро оташ зада, 115 деҳаи ноҳияи Зангезури Озарбойҷонро торумор намуда, 3257 мард, 2276 зан ва 2196 кӯдакро куштанд. Умуман дар ноҳияи Зангезур 10068 озарбойҷонӣ кушта ва ё маъюб шуда, 50000 дигар муҳоҷир шуданд. Дар музофоти Иревон 135 ҳазор нафар озарбойҷонӣ — сокинони 199 деҳа ба қатл расонда шуданд ва худи деҳаҳо аз рӯйи замин несту нобуд шуданд. Дастаҳои мусаллаҳи арманӣ ба Қарабоғ шитофтанд, ва солҳои 1918—1920 дар қисмати баландкӯҳи он 150 деҳаро вайрон ва аҳолии онро тамоман маҳв карданд.

Бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон 31 марти соли 1919 ва 1920 ҳамчун рӯзи мотами умумимиллӣ қайд гардид. Дар воқеъ, ин аввалин кӯшиши ба харҷ дода дар маъсири таърих барои арзёбии сиёсии наслкушии озарбойҷониҳо ва ишғоли қариб дусадсолаи заминҳои озарбойҷониҳо буд.

Танҳо пас аз барқарории истиқлолияти Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ибтикори Пешвои миллат Ҳайдар Алиев ҳақиқати ҳодисаҳои рӯзи 31 март омӯхта шуда ба ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеияти аслии наслкушии мардуми озарбойҷон, ки аз ҷониби арманиҳо содир шуда буд, расонда шуд. Бо Фармони муҳиму таърихии Ҳайдар Алиев, ки 26 марти соли 1998 “Дар бораи наслкушии озарбойҷониҳо” ба тасвиб расид, рӯзи 31-уми март “Рӯзи наслкушии озарбойҷониҳо” эълон шудааст. Пас аз он, дар бораи омӯзиши ин сана корҳои муҳим анҷом дода шуда, асарҳои сершумор навишта ва ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шуданд. Бинобар тадқиқоти солҳои охир бисёр далелҳову хуҷҷатҳои нав гирд оварда шуданд. Қабри дастаҷамъии дар Қубо бозёфтшуда натиҷаи яке аз ҷузъҳои хунини ин фоҷиа аст. Дар моҳҳои апрел ва майи соли 1918 танҳо дар гирдогирди ноҳияи Қубо 167 деҳа тамоман вайрон ё аз байн бурда шуданд. Ин гури оммавии қурбониёни наслкушӣ дар Қубо 1 апрели соли 2007 ҳангоми корҳои  сохтмонӣ дар ин қаламрав падид омадааст.

Бо фармони Девони Вазирон соли 2009 «Нақшаи чорабиниҳо ба мақсади абадӣ гардонидани хотираи қурбониёни куштори ноҳияи Қубо» тасдиқ шуда, қароре дар бораи таъсиси маҷмааи ёдгорӣ дар ҷойи мақбараи оммавӣ ва гузаронидани корҳои ободонӣ дар қаламрави зикршуда қабул шудааст. 18 сентябри соли 2013 Маҷмааи ёдгории наслкушии Қубо кушода шуд. Дар ҷараёни таҳқиқот маълум шуд, ки дар қабри дастаҷамъӣ на танҳо озарбойҷониҳо бо бераҳмии хоса кушта шудаанд, балки лезгиҳо, яҳудиён, тотҳо ва намояндагони дигар гурӯҳҳои этникие, ки дар Қубо зиндаги мекарданд, низ гур шудаанд.

Имрӯз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани воқеият дар бораи наслкушии мардуми озарбойҷон вазифаи авлавиятнок ба шумор меравад, зеро ки теъдоди зиёди ҳуҷҷатҳои бойгонии хориҷӣ ва маҳаллӣ, аксҳо ва наворҳои синамо мавҷуд ҳастанд, ки онҳоро тасниф карда ба забонҳои хориҷии ҷаҳонӣ тарҷума кардан мумкин аст. Бар асоси ин мавод, Озарбойҷон метавонад пас аз таъсиси заминаи ҳуқуқӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои ҳуқуқӣ нисбати ҷиноятҳо ва муҷозоти касоне, ки дар ҷанги Қарабоғи охири асри 20, дар наслкушии Хоҷалӣ ва Қарадоғлӣ ва дигар манотиқи аҳолинишини Озарбойҷон ширкат доштаанд, талаб кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь