Тирамоҳи соли 2020 бори дигар дар фазои пасошӯравӣ яке аз хунбортарин муноқишаҳо сар зад. Муқовимате, ки тақрибан 30 сол дар атрофи Қарабоғи Кӯҳӣ – қаламрави дар ҷаҳон эътирофшудаи Озарбойҷон идома дошт – бори дигар боиси муноқишаи мусаллаҳонаи Арманистон ва Озарбойҷон шуд.  

Дар натиҷаи амалиёти ҷавобӣ, ки дар посух ба як иғвои навбатии нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон сурат гирифт, ба артиши Озарбойҷон муяссар шуд, ки ба нерӯҳои истилогар зарбаи шадид расонад ва қаламрави ғасбшудаи худро озод кунад. Изҳороти муштараки роҳбарони Озарбойҷон, Арманистон ва Русия, ки ба амалиёҳои ҷангӣ дар минтақа хотима бахшиданд, барқарорсозии тамомияти арзии Ҷумҳурии Озарбойҷонро мустаҳкам намуданд.

Аммо, пайроҳаи таслими Арманистон ҳамчунин сабабгори талафоти сершумори аҳолии осоишта гардид. Ҷониби Арманистон дарки мағлубиятро дар майдони ҷанг намуда, даст ба ҷинояти вазнини ҳарбӣ зад, яъне ба аҳолии осоиштаи дур аз минтақаи низоъ ҷойгиршуда зарбаи шадид расонд. Шаҳрҳое, ба монанди Ганҷа, Барда, Мингечевир, Габала, Сиёзан, Тертер дар тӯли 44 рӯз мавриди ҳамлаи оташи тупҳои артиллерии нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон қарор доштанд. Дар ин ҳамлаҳо аз системаҳои  марговаре ба монанди “Point U” ва “Elbrus”, мушакҳои баллистикӣ, фосфори сафед ва лавозимоти ҷангии тарканда истифода намуданд. Ҳамаи ин бо мақсади талафоти ҳарчи бештари аҳолии осоиштаи Озарбойҷон анҷом дода шуд.

Дар натиҷаи ин амалиётҳо, ки нақзи дағалонаи Конвенсияи Женева мебошанд, тақрибан 100 нафар ҷон бохтанд, аз ҷумла 11 кӯдак, ва бештар аз 400 нафар бошад, ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Бо вуҷуди ин, бояд қайд кард, ки ҳамингуна таҷовузи мақсаднок алайҳи мардуми осишта ҳамчун воситаи таҳдид борҳо дар муноқишаи дарозмуддат байни халқҳои арманӣ ва озарбойҷонӣ истифода шуд.  Ҳамин тариқ, тӯли зиёда аз 100 сол мардуми Озарбойҷон мунтазам ба қавмзудоӣ ва сиёсати наслкушиии миллатгароёни арманӣ дучор меомаданд.

Озарбойҷониҳо аз сарзаминҳои таърихии худ ронда шуда, гуреза ва муҳоҷирони иҷборӣ шуданд ва ин ҳамаро бошад қатлу куштори миллатпарастони арманӣ ҳамроҳӣ мекард. Бадарғаи озарбойҷониҳо аз сарзаминҳои аҷдодии онҳо дар даврони шӯравӣ низ идома ёфт. Бояд ёдрас намуд, ки тӯли солҳои 1948-1953-ум 150 ҳазор озарбойҷонӣ аз Арманистон бадарға шуданд.

Ҳодисаҳое, ки аз соли 1988 дар атрофи Қарабоғи Кӯҳӣ ба вуқӯъ пайвастанд, боиси хароб шудани деҳаҳо, шаҳрҳо, марги даҳҳо ҳазор одамони бегуноҳ, бадарға шудани тақрибан 1 миллион озарбойҷонӣ аз сарзаминҳои таърихии онҳо шуд, аз ҷумла аз Арманистон низ зиёда аз 250 ҳазор озарбойҷонӣ иҷборан ронда шуданд. Бад-ин роҳ Арманистон ба ягона давлати яккамиллии минтақа табдил ёфт.

Моҳи феврали соли равон ҷаҳониён яке аз саҳифаҳои даҳшатноки ин муқовимат – фоҷиаи Хоҷалиро ба ёд меоранд. Дар ибтидои солҳои 90-ум, яъне дар давраи ҷанги якуми Қарабоғ, ҷониби Арманистон бо талошҳои ҳамешагии худ барои пайвастан ба Қарабоғи Кӯҳӣ, ҷиноятҳои даҳшатнокеро зидди башарият анҷом дод, ки  бемислу монанд буданд.

Шурӯъ аз нимаи дуюми моҳи феврал шаҳри Хоҷалӣ, воқеъ дар Қарабоғ, пурра дар иҳотаи дастаҳои низомии Арманистон қарор гирифт. Бар зидди аҳолии осоиштаи шаҳр маҳви ваҳшиёна омода карда шуд. Ҳаммаи кӯшишҳои ғайринизомиён барои гурӯҳ-гурӯҳ ё дар алоҳидагӣ тарк кардани ҳудуди муҳосира, пахш карда мешуданд.

Шаби 25 ба 26 феврали соли 1992 нерӯҳои мусаллаҳи арманӣ бо дастгирии ҳайати шахсии Полки 366-уми тирандозии артиши Шӯравии собиқ, ки дар шаҳри Хонкендӣ мустақар буд, тамоми меъёрҳои ҳуқуқҳои байналмилалиро вайрон карда, бар зидди аҳолии шаҳри муҳосирашудаи Хоҷалӣ техникаи вазнини ҳарбиро истифода бурда, бо бераҳмии бесобиқа таъқиб карданд, ва шаҳрро аз рӯйи замин несту нобуд карданд. Тибқи гуфтаи шоҳидони зиндамонда, кӯдакон, занон ва пиронсолонро ҳангоми кӯшиши гурехтанашон дар майдони саҳрои барфпӯш бо тирҳои тӯп ва снайпер мепарронданд .

Дар натиҷаи ин наслкушӣ, ки на танҳо бар зиддӣ озарбойҷониҳо, балки тамоми башарият равона шуда буд, 613 нафар, аз ҷумла 63 нафар кӯдак, 106 зан, 70 куҳансол кушта шуданд. 8 оила пурра маҳв шуданд. 487 нафар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд, аз ҷумла 76 кӯдак, маъюб шуданд. Илова бар ин, 1275 нафар асир ва 150 нафар бе ному нишон гардиданд, ки миёни онҳо 68 зан ва 26 тифл буданд.

Амали куштори бераҳмона ва комилан несту нобуд кардани озарбойҷониҳо, ки қаблан тарҳрезишуда буд, ба мақсади поксозии кавмӣ, яъне нест кардани аҳолии маҳалии ин сарзамин – озарбойҷониҳо  анҷом дода шуд, ва инро ташкилкунандагон ва иштирокчиёни ин амалҳои даҳшатбор ошкоро тасдиқ карданд.

Ҳамин тавр рӯзноманигори маъруфи бритониёӣ,  Қафқозшинос, Томас де Ваал дар китоби мустанади худ бо номи “Боғи сиёҳ”, суханони Президенти собиқи Арманистон Серж Саргсянро меорад, ки яке аз саркардагони нерӯҳои Арманистон дар Қарабоғи дар давраи ҷанг буд: То ҳодисаи Хоҷалӣ озарбойҷониҳо фикр мекарданд, ки бо мо шӯхӣ кардан мумкин аст ва арманиҳо қобиляти даст бардоштан ба аҳолии осоиштаро надоранд. Мо тавонистем ин қолабро бишканем. Ин чизе аст, ки иттифоқ уфтод”

Қатли Хоҷалӣ ҳамчун яке аз бузургтарин фоҷиаҳои асри ХХ эътироф шудааст ва аз ҷониби як қатор давлатҳо ҳамчун амали наслкушӣ тасниф карда шудааст. Ҳамин тариқ, дар санадҳои дахлдори Иттиҳоди парлумонии Созмони Ҳамкории Исломӣ, парлумонҳои Мексика, Покистон, Чехия, Перу, Колумбия, Панама, Гондурас, Судан, Гватемала ва Ҷибути тасдиқ карда шудааст, ки қатли омми дар Хоҷалӣ содир шуда амали наслкушӣ мебошад.

Парлумонҳои Руминия, Босния ва Ҳерзеговина, Сербия, Урдун, Словения, Шотландия, инчунин мақомоти иҷроия ва қонунгузории зиёда аз 20 иёлоти ИМА низ фоҷиаи Хоҷалиро наслкушӣ донистанд ва онро ҷиддан маҳкум карданд.

Имрӯз ин фоҷиаи мудҳишро ба ёд оварда, боварӣ дорем, ки раванди сулҳе, ки ҷонибҳо имрӯз дар минтақа ташвиқ мекунанд, ба хотима додани муқовимати деринаи ду давлати ҳамсоя кӯмак хоҳад кард ва минбаъд такрори чунин  саҳфаҳои хунбори таърих ба мисли  наслкушии Хоҷалиро ғайриимкон созад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь