Тарҷумаи нави ҳикояҳои нобиғаи насри олам Антон Чехов ба қалами донишманди маъруфи кишвар Обидҷон Шакурзода бо номи “Панҷоҳ ҳикоя” ба нашр расид.

Китоб, тавре аз унвонаш бармеояд, фарогири панҷоҳ ҳикояи нависандаи бемонанди рус ва адиби ҷаҳонӣ Антон Чехов мебошад, ки бо ибтикори нависанда, мутарҷим ва муҳаққиқи пуркору пухтакори ҳамзамони мо Обидҷон Шакурзода бо сабку услуб ва нигоҳи тозае аз забони асл ба тоҷикӣ тарҷума шудааст.

Китобро ТҶ “Маркази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон” чоп кардааст ва ин марказ тасмим гирифтааст, ки нашри “Шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳон”-ро роҳандозӣ кунад.

Рӯзгор ва осори Чехов барои хонандаи тоҷик беш аз сад сол боз ошност, ки нахустин намунаи осори ӯ ҳанӯз дар солҳои бистуми асри гузашта тарҷума ва чоп шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь