Бо наздик шудани иди Қурбон дар бозору фурӯшгоҳҳо вилояти Хатлон нархи ҳама намуди маҳсулот гарон шуда, нигаронии сокинонро ба бор овардааст.

Айни замон дар бозору фурӯшгоҳҳои вилоят нархи як кг гушт 95-100 сомонӣ, себ 15-25 сомонӣ, шафтолу 15-25 сомонӣ, тухм 40-50 сомонӣ, помидор 10-15 сомонӣ, гелос 25-30 сомонӣ, клубник 40 сомонӣ, тарбуз 25-30 сомонӣ, ҳандалак 7-15 сомонӣ, бодиринг 5-8 сомонӣ буда, ҳатто кабудӣ низ дар арафаи иди Қурбон гарон шудааст.

Сокинон зимни сӯҳбат аз он нигаронӣ карданд, ки ҳоло як руз ба ид мондан боз фурӯшандаҳо нархи маҳсулотро дучанд гарон мекунанд. Аммо савдогарон омили боло рафтани нархро аз зиёд шудани талабот дар арафаи ид арзёбӣ карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь