Намояндаи доимии Русия дар Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид аз Иёлоти муттаҳидаи Америка даъват кардааст, ки ба корҳои дохилии Ҷумҳурии исломии Эрон дахолат накунад.

Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар Шӯрои амнияти СММ, гуфтааст, ки мақсади асосии даъват аз нишасти изтирории Шӯрои амният аз ҷониби ИМА ин берун рафтани аз қарордоди атомӣ бо Теҳрон аст.

«Шумо қудрати Шӯроро бо ин амали худ заъиф мекунед. Ба ҷойи он, ки диққатро ба вазъияти бӯҳронии Афғонистон, Сурия, Лубнон, Ироқ, Яман, ҶХДК, қитъаи Африқо равона кунед, шумо пешниҳод мекунед, ки ба корҳои дохилии як кишвар дахолат карда шавад. Бигзоред Эрон худаш мушкилоти худро ҳал кунад », – гуфтааст Небензя дар ҷаласаи ША СММ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь