Сокинони шаҳри Душанбе ба тамошои ройгони филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатӣ дар чорчӯбаи Фестивали ҷаҳонии филмҳо дар мавзӯъи муҳоҷират даъват мешаванд.

Фестивали мазкур барои нахустин бор дар Тоҷикистон баргузор шуда, мизбонии онро Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират бар дӯш дорад. Ин фестивал ҳамзамон дар беш аз 100 кишвари олам баргузор мегардад ва ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир, ки солона 18-уми декабр таҷлил мегардад, бахшида шудааст.

Филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатие, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ба навор гирифта шудаанд ва зиндагии одамони муҳоҷирро тасвир кардаанд, аз 5-ум то 18-уми декабр дар маконҳои гуногуни шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта мешаванд. Даромад ва тамошо озод ва ройгон буда, тақвими намоишҳо чунин аст:

5.12 / Маросими кушодашавӣ / Маркази Исмоилия

7.12 / Намоиши филм: Фардои баҳр / Гӯшаи СММ

8.12 / Рӯзи боз / Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон

9.12 / Намоиши филм: Ба сӯи Кима / Гӯшаи омрикоӣ

9.12 / Намоиши филм: Мушкиле нест / Маркази Исмоилия

16.12 /Намоиши филм: Мусофир / Гӯшаи омрикоӣ

Ҷамъ, чор филм дар шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта мешавад, ки имкониятҳо ва чолишҳои муҳоҷират ва назари тағйирёфта доир ба муҳоҷиронро бозгӯ менамоянд ва саҳми беназири муҳоҷирон ба ҷомеаҳои мизбонашон ва ватанашонро таъкид менамоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь