Ноҳияи Чусти вилояти Намангон мизбонии як маҳфил-чорабинии доманфарохи фарҳангиро бар дӯш дошт. Ин маросим бахшида ба 110-солагии гиромидошти нависандаи барҷастаи тоҷик, академик Сотим Улуғзода баргузор гардид. Он бо ташаббуси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Намангон ва дар иштироки кормандони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва як ҳайати ноҳияи Ашти вилояти Суғд роҳандозӣ шуд.
Дар марҳилаи аввали ин сафар сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, аъзои ҳайати ноҳияи Ашти вилояти Суғд, инчунин як гурӯҳ аҳли фарҳангу адаби тоҷики муқими Ӯзбекистон аз боғи марказии фарҳангу истироҳати Чуст ва мақбараи Мавлоно Лутфулло(Муҳаммадшариф Сӯфизода) боздид намуданд. Онҳо зиёратгоҳи “Бибӣ Она”-ро низ зиёрат карданд.
Дар идомаи ин сафар меҳмонон озими деҳаи Варзик, зодгоҳи устод Сотим Улуғзода, шуданд. Дар бинои боҳашамати “Маркази фарҳанг”-и деҳаи Варзик маросими гиромидошти 110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, академик Сотим Улуғзода дар фазои хеле мутантан баргузор шуд.
-Моро қабл аз ҳама дигаргуниҳои куллӣ ва обод шудани шаҳру деҳоти вилояти Намангон хеле хушҳол сохт. Нависандаи халқии Тоҷикистон, академик Сотим Улуғзода маҳз дар ҳамин диёр чашм ба олами ҳастӣ кушудааст ва аз худ осори ғановатманд, тарҷумаҳо ва натиҷаҳои тадқиқоти илмияш дар соҳаи адабиётшуносиро ба мерос гузоштааст. Устод дар ривоҷи адабиёти навини тоҷик саҳми бузург гузоштааст, – гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Вай илова намуд, ки бо иқдоми наҷиби сарварони ду давлат муносибатҳои ду кишвар беш аз пеш рушду ривоҷ меёбанд. Дар тамоми соҳаҳо ҳамкориҳо доман фарох мекунанд. Хусусан, ҳамкориҳои фарҳангии миёни ду кишвар, баргузор намудани маҳфилҳои гиромидошти адибони маъруфро ҳамчун намунаи беҳтарини дӯстиву рафоқати тоҷикону ӯзбекон метавон арзёбӣ кард.
-Як ҳайати ноҳияи Ашти вилояти Суғдро дар ин маросими гиромидошти устод Сотим Улуғзода сарварӣ мекунам. Ба ин васила таъкид карданиам, ки ноҳияи Ашти мо бо ноҳияи Попи вилояти Намангон марзҳои муштарак доранд. Мо дар соҳаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҳамкориҳоро ба роҳ мондаем. Аз иштироки худ дар маросими гиромидошти устод Улуғзода басо ифтихор мекунам,-гуфт раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ.
– Мо бо асарҳои устод Сотим Улуғзода ба воя расидаем, ки дар деҳаи Варзик зода шудааст. Солҳои наврасӣ ва ҷавонӣ ба мо хондани асарҳои гаронбаҳо ва шавқовари ӯ таассуроти бой боқӣ гузоштаанд. Хусусан, “Субҳи ҷавонии мо” китоби рӯимизии ҳар кадоми мо буд. Ин асари устод дар байни осори дигари ӯ бо он ҷиҳати худ фарқ мекунад, ки ҳодисаҳо хеле оддиву самимӣ бозтоб ёфтаанд ва барои ҳамаи наслҳо ҳозираву оянда фаҳмо мебошанд, – мегӯяд яке аз иштирокчиёни гиромидошт устоди Донишгоҳи давлатии Фарғона дотсент Фарҳод Исомиддинов.
Дар маросим раисони марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ ва шаҳру вилоятҳо низ иштирок ва суханронӣ карданд. Маросими гиромидошти 110-солагии Сотим Улуғзодаро консерти дастаи ҳунарии хонаи маданияти ноҳияи Чуст ва шеъру таронахонии донишомӯзони мактабҳои таълимоти умумии деҳаи Варзик шукӯҳи тоза бахшид.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, вилояти Намангон