“Вожаҷӯ” нахустин фарҳанги интернетии забони форсии тоҷикӣ аст, ки чанд ҷавони тоҷик падид оварда ва 21-уми феврал, дар Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ дар дастраси корбарон қарор додаанд.

Падидоварандагони ин фарҳанг – Умед Ҷайҳонӣ ва Искандар Рафиев – дар як мусоҳиба гуфтанд, ки ҳар кадоме ҷудогона аз солҳо пеш кӯшиш доштаанд чунин вожаҷӯе падид оваранд, вале талошҳояшон ба ҷое нарасида, то ин ки дар гурӯҳи фейсбукии “Забонкада” (саҳифа дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук – ред.) бо якдигар ошно шуданд.

Умед Ҷайҳонӣ дар ин бора мегӯяд: “Чанд сол пеш аз ин эрониҳо вожаёбе падид оварда буданд, ки камобеш ҳама фарҳангу вожаномаҳои форсиро дар бар мегирад. Мо, тоҷикон, ҳарчанд форсизабонем, вале чун хаттамон форсӣ нест, наметавонем аз он вожаёб баҳра бигирем, магар касоне, ки форсихон бошанд. Аз ин рӯ, дар гурӯҳи “Забонкада”, ки онро соли 2015 ба ҳамин манзур ташкил карда будам, аз ҳамвандон ёриву ҳамкорӣ хостам, то чунин фарҳангеро падид оварем. Хушбахтона, ҳамвандон ин пешниҳодро хуш пазируфтанд».

Барои истифода аз ин вожанома ба ин суроға равед: http://vazhaju.com/

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь