Нахустин ихтиёрони ба хидмати сарбозӣ рафта аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон субҳи имрӯз ва дар рӯзи маросими савгандёдкунӣ дипломҳояшонро ба даст гирифтанд.

Соли равон Вазорати маориф ва илми кишвар бо ирсоли як мактуб ба ҳамаи хатмкунандагони донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон иҷозат дода буд, ки ихтиёран имтиҳони хатмро пеш аз муҳлат супорида, ба артиш раванд.

Дар ин раванд, ки сару садоҳоеро ба вуҷуд овард, ҳамаи макотиби олии кишвар хатмкунандагони ихтиёриро ба сафи артиши миллӣ равона карданд.

Ба иттилои хабаргузории “Ховар”, ба як зумра хатмкунандагони ДТТ дар маросими савгандёдкунии ҳарбӣ дипломи хатми донишгоҳ супорида шуд. Дар ин маросим Ситора Абдумуминзода, муовини ректори ин донишгоҳ, иштирок намуд ва наваскаронро “мояи ифтихор” хонд.

– Ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайвастани донишҷӯёни донишгоҳи мо нишони ҷавонони ғаюру ватандӯст будани онҳо буда, наваскарон  бо ин амали наҷибашон мояи ифтихори ин боргоҳи илму маърифат гашта, барои дигарон намудани олии ибрат шуданд, – гуфт Абдумуминзода.

Маълум нест, чанд нафар аз ин донишгоҳ ихтиёран ба артиш рафтанд ва шумораи наваскарони дипломгирифта низ зикр намешавад.

Ёдовар мешавем,  ки 1 июн даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-и Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ, ки давоми моҳҳои апрел ва майи соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат идома дошт, пурра ба анҷом расид. Дар ин баробар Вазорати дифоъи кишвар аз идома ёфтани даъват то мавсими дигар хабар дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь